
Саидмурод ДАВЛАТОВ
Саидмурод Раҷабович Давлатов дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Ў фарзанди даҳўм дар оила буда дар яксолагӣ аз падар маҳрум мемонад. Баъди хатми мактаб ба донишкадаи политехники пойтахт дохил мешаваду бо сабаби надоштани маблағ онро тарк мекунад. Хамчунин академияи санъат ва факултаи ҳуқуқшиноси бо сабаби бепулию қашшоқӣ нотамом мемонад. Сипас муҳоҷиратро пеша мекунаду аз паси таҳсил мегардад. Ба факултаи психологии Донишгоҳи давлатии Тюмень дохил шуда ҳамин ихтисосро дар донишгоҳи давлатии Москав хатм мекунад. Ҳоло ў миллионери тоҷик, ки дар Алмаато зиндагӣ дорад. Доктори илми психологӣ, шогирди Бодо Шеффер ва Мирзокарим Норбеков, дорандаи 21 магазини «Laspeedo» ва «Сарват» дар 6 кишвари дунё: Русия, Украина, Қазоқистону Қирғизистон, Туркия ва Тоҷикистон мебошад. Оиладор, сохиби 1 писару се духтар аст.
Саидмурод Раҷабович ШАХСИ КОМЁБ ё доро як мафҳум аст? Муносибати шумо ба пул чӣ гуна аст, зеро китоби шумо «Ман ва пул» унвон дорад?
Ман ба он андеша ҳастам, ки танҳо одами доро ба дигарон нафъ расонида метавонад. Аслан одамони доро ё бой тафаккури дигар доранд, онҳо нисбатан раҳмдил ва одилу саховатманд ҳастанд, зеро чӣ нафаре аз атрофиён доро бошанд, ҳамон андоза сатҳи зиндагӣ беҳтар мешавад. Ман дар хотир дорам, вақте бори аввал руйхати орзуҳои худро навиштам он аз 12 саҳифа иборат шуд, ки ин борат буд аз харидани курткаи чармин, хона, мошин, ҷиҳози хона ва ғайраҳо. Боди Шеффер устоди ман гуфт: ин рўйхати камбағалии туст, на орзу. Ман имрўз медонам, ки ин суханон ҳақиқатанд. Аксарият хароҷоташон аз даромадашон зиёд, пул наомада аллакай барои харидани сару либос ва дигар лавозимот сарф мекунанд ва барои пиронсолӣ захира надоранд. Ба мардуме, ки воқеан хаёти худро дигар кардан мехоҳанд, орзу доранд, кор кардан мехоҳанд, бояд сабақ омўзем. Бинобар ин ман китоби худро аз таҷриба ва донишҳои омўхтаам, навишта пешниҳод кардам. Пул бошад воситаест, ки орзуҳоро амалӣ мегардонад.Имконият аввал, баъд пул, ақл аввал, баъд боигарӣ меистад. Нодон пулдор шавад онро баъди чанде тамом мекунад, доно бошад аз пул пули дигар меёбад.
Саидмурод Раҷабович тоҷик будан ба шумо барои рушд монеаъ нашуда буд? муносибати шумо ба таҳсил чӣ гуна аст?
Қадамҳои нахустинро ман ҳам аз сохтмону тиҷорат дар Москав оғоз намуда будам. Забони русиро намедонистам. Устоди ман, ёрдамчии ректори донишгоҳи давлатии Тюмень Ангелина Григорьевна ба ман гуфт: Саид ту ақли расо дори чаро таҳсил намекунӣ? Мо онҷо бо таъмири бино машғул будем. Ў бароям китоб меовард ва ман онро хонда иншо менавистам аз он дар тўли 6 моҳ шабу рўз. Рўзи имтиҳони қабул 18 нафар буданд ва ба ман яке аз имтиҳонгирандагон гуфтанд: Давлатов аввал ба забони русӣ гап заданро ёд гиред, баъдан ба хондан биёед, ба хона баргардед. Ман медонистам, ин шанси охирини манн ва гуфтам:донишгоҳ барои он ки ман баринҳо хонда савод гиранд, ман ягона тоҷик, ки ҳуҷчат супоридааст ва гуноҳ надорам, ки дар қишлоқи дурдаст хондаму забони русиро намедонам. Агар шумо забони хитойиро намедонед, ин маънои онро надорад, ки шумо бесавод ҳастед. Ман воқеан хондан меҳохам. Он замон ректор гуфта буд: аз ў психолог мебарояд Давлатов шумо студент. Агар ба манн як вазифа диҳанд манн ду вазифа иҷро мекардам, як бор бо устод вохўранд манн ду бор наздаш мерафтам. Натиҷааш 4 забони хориҷиро медонам. Дар 63 кишвари дунё будам. Ба фикри ман охирин сентро гирифта ба дониш сарф намоед, он вақт он доллар шуда бозмегардад, бояд шиори мо тоҷикон гардад.
Байни шарқиён ва ғарбиен чӣ умумият ва чӣ тафовуте мушоҳида кардед?
Ман эътимод дорам,ки мардуми шарқ бозаковату дурандеш ҳастанд, вале андак танбал ва гирифтори урфу одат, ки намунаи онро дар қиёси бозор ва супермаркет мушоҳида намудан мумкин аст. Ғарбиён сахт ба зоҳир аҳамият медиҳанду ботини пуч доранд, шарқиен ботини бой вале зоҳири нообод. Агар мағрибӣ тўҳфае харидани бошад се моҳ фикр мекунад, бо нисфи шиносу дўстонаш маслиҳат мекунад, машриқӣ пулро ба дасташ медиҳаду худат бихар мегўяд. Мағрибӣ меандешад, к ибо ҳамсараш дар мавриди чӣ бояд ин бегоҳ сўхбат орояд, нисфи умри хонаводагӣ барои муқрарра кардани муносибатҳо сарф мешавад. Этикет барои ў муҳим чӣ гунна доштани корду чумча ва ғайра. Машриқӣ ин гуна мулоҳиза надорад, лекин бадгумонӣ, фориғболӣ ба ў хос аст. Бинобар ин ботини шарқиву муносибату усули кори ғарбиро пайвастан лозим аз нигоҳи ман.
Саидмурод Раҷабович муносибати шумо ба зан чӣ гуна аст? Оё дар мавриди муносибат ба зан тадқиқоте анҷом додаед?
Чӣ андоза мардон устувор бошанд, сатҳи зиндагии занон беҳтар мегардад. Ман зиёда аз 580 нафарро аз нигоҳи ҷинсият, тафаккур, ҷаҳонбинӣ омўхтам ва ба хулоса омадам, ки занон комёбии худро аз тасодуф, кўмаки атрофиён медонанд, ба худ эътимод камтар доранд. Лекин мардон ҳамаи дороиву комёбии худро аз донишу маҳорати танҳо худ медонанд, ҳарчанд заҳмати дигарон бошад ҳам. Занон ба ҳама шароит тобовар, мутобиқшаванда ҳастанд. То он вақте ки мард меандешад, зан ҳисоби зиндагиро ёфтанаш мумкин, лекин тарсу эҳсоснокияш монеаи пешравиҳои зиёд мегардад. Бинобар ин дар байни миллионерҳову миллиардерҳо занон кам ба назар мерасанд. Мардҳо тезтар қарор қабул мекунанд ва таваккал карданро ихтиёр доранд. Ман аз модарам дар зиндагӣ миннатдор ҳастам. Дуои ў аст, ки ба ин дараҷа расидам. Ў дар хурдсолӣ сарулибоси маро мепўшонд ва гириста мегуфт: бачем ман аз ту умедам калон. Одами хубу сарбаланд бош, миёни мардум шав. Ин суханон то ҳанўз дар гўшам садо медиҳад. Бинобар ин мегўям аз дуо месабзанд, бинобар ин дуоятонро бо овози баланд гўед, лафзи меҳру муҳаббатро шунаво такрор кунед. Муҳаббат инсонро комилтару поктар ва комёб мегардонад. Ман муқобили он ҳастам, ки никоҳи хешутаборӣ бошад, зеро ин худхоҳии мо нисбати зан аст. Ман муқобили ҳамсари «гапдаро» ҳастам, ки фикру андешаи худаш нест ва ба хотири дигарон худашро қурбонӣ кардааст.
Пас ҳамсари шумо чӣ гуна шахсият аст ва бо чӣ кор машғул аст?
Ў маълумоти олӣ дорад ва бо тарбияи фарзандон машғул аст, зеро тарбия кори аз ҳама душвор буда на ба ҳар кас фарзандони хуб тарбия намудан муяссар мегардад. Бисёриҳо чунин андеша доранд, роҳ ба суи дили мард ба воситаи меъда аст. ин андешаи кадом одамони танбали беирода аст. агар марди доро хўрдан хоҳад ба ресторан ё қаҳвахона барои тановул меравад. Ба ҳамаи занҳо мегўям: мардон 2 чизро аз шумо интизоранд, ғамхорӣ (нежность) ва таъриф (восхищение). Одатан волидайн фарзандони боистеъдоди худро дўсттар медоранд ва ин як чизи муқаррарӣ мебошад. Худованд шахсони меҳнатдўсту коргарро дўст медорад. Бубинед дидаед, ки боре ба ҷўгии талбанда ягон нафар аз рўи меҳр кўмак карда бошад. Ба онҳо бо танаффур менигаранд, ба шахсияте, ки воқеан кор мекунад ва аз кораш лаззат мебарад, ба шумо низ таъсири мусбат мерасонад. Бинобар ин кори тарбияро саҳл набояд пиндошт.
Саидмурод Рачабович, то ҷое донистам шумо мушкилписанд хастед?
Зиндагии ҳамвор барои рушд мусоидат намекунад. Ман проблемаро дўст медорам барои роҳи ҳалли онро ёфтан ва ҳангоми ҳал кардан аз он лаззат бурдан. Он шахсиятро устувору бомаҳорат мегардонад.Вақте инсон доимо барои дигарон зиндагӣ мекунад, мехохад ба ҳама писанд бошад оқибат ба беморӣ меорад. Тасаввур кунед, ки якчанд лаҳза дастатонро мушт кардед, ва қуввати ин муштро дучанд, сечанд афзудед. Баъдан дастатонро озод намудед, эхсоси озодӣ чи хуш аст баъди он, лекин дастатон мондагиро ҳис мекунад. Тасаввур кунед, ки тамоми умр асабро чунин таранг аз рўбиниву хотир, кинаву адоват , бухлу ҳасуд нигоҳ медоранд. Оқибат он метаркад. Саломат бошад, арзиши ноёб аст.
Дирўз муҳоҷири меҳнатӣ, имрўз сарватманд. Чи гуна метавон ба чунин муваффақият ноил шуд? Ҷавоби ин суол аз Саидмурод ДАВЛАТОВ:
Охирин сентро ба дониш сарф намоед, доллар шуда бозмегардад!
- Қадамҳои нахустини худро аз сохтмону тиҷорат дар Маскав оғоз намудаам. Забони русиро намедонистам. Устоди ман, ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Тюмен Ангелина Григоревна ба ман гуфт: «Саид, ту ақли расо дорӣ, чаро таҳсил намекунӣ?». Мо дар он ҷо бо таъмири бино машғул будем. Ў бароям китоб меовард ва ман онро хонда иншо менавиштам, шабу рўз, тўли 6 моҳ… Рўзи имтиҳони қабул 18 нафар буданд ва ба ман яке аз устодон, ки имтиҳон қабул мекард, гуфт: «Давлатов, аввал ба забони русӣ гап заданро ёд гиред, баъдан ба хондан биёед. Ба хона баргардед». Он замон ин шанси охирини ман барои таҳсил буд, гуфтам: «донишгоҳ барои он вуҷуд дорад ки ман баринҳо хонда савод гиранд, ман ягона тоҷике ҳастам ки ин ҷо ҳуҷҷат супоридаам, гуноҳе надорам, ки дар деҳаи дурдаст хондааму забони русиро намедонам. Агар шумо забони хитойиро намедонед, маънои онро надорад, ки бесавод ҳастед. Ман воқеан хондан мехоҳам». Он замон ректор гуфта буд: «Аз ў психолог мебарояд, Давлатов, шумо донишҷў». Дар натиҷа, агар устодон ба ман як вазифа диҳанд, ман ду вазифаро иҷро мекардам, дигар донишҷўён як бор бо устод вохўранд ман ду бор наздашон мерафтам. Натиҷа ин шуд, ки 4 забони хориҷиро аз худ кардам. Дар 63 кишвари дунё будам. Маслиҳати ман ин аст, ки охирин сентро гирифта ба дониш сарф намоед, он вақт доллар шуда бозмегардад! Бояд ин гуфта шиори мо, тоҷикон, гардад.
«Ман ва пул» – китоби ахири ман
- Ман бар он андеша ҳастам, ки танҳо одами доро ба дигарон нафъ расонида метавонад. Аксаран одамони доро ё сарватманд тафаккури дигар доранд, онҳо нисбатан раҳмдил ва одилу саховатманд мешаванд, зеро ҳар чи бештар аз атрофиён доро бошанд, ҳамон андоза сатҳи зиндагӣ беҳтар мегардад. Дар хотир дорам, вақте бори аввал руйхати орзуҳои худро навиштам, он аз 12 саҳифа иборат буд, аз қабили харидани курткаи чармин, хона, мошин, ҷиҳози хона ва ғайраҳо. Устодам Бодо ШЕФФЕР гуфт: «ин рўйхати камбағалии туст, на орзуҳо». Ман имрўз медонам ки ин суханон ҳақиқатанд. Аксарият хароҷоташон аз даромадашон зиёд аст, пули набударо барои харидани сарулибос ва дигар лавозимот сарф мекунанд, барои пиронсолӣ захира надоранд. Ба мардуме ки воқеан ҳаёти худро дигар кардан мехоҳанд, орзу доранд, кор кардан мехоҳанд, бояд сабақ омўзем. Бинобар ин, ман китоби худро аз таҷриба ва донишҳои омўхтаам навишта ба ин қабил афрод пешниҳод кардам, то барояшон ҳамчун дастур хизмат намояд. Пул воситаест, ки орзуҳоро амалӣ мегардонад. Аввал имконият, баъд пул; Аввал ақл, баъд сарват меистад. Нодон пулдор шавад, баъди чанде онро тамом мекунад, доно аз пул пул меёбад.
Дар ботин шарқӣ, дар зоҳир ғарбӣ
- Ман эътимод дорам, ки мардуми Шарқ бозаковату дурандеш ҳастанд, вале андак танбал ва гирифтори урфу одат, ки намунаи онро дар қиёси бозор ва супермаркет мушоҳида намудан мумкин аст. Ғарбиён сахт ба зоҳир аҳамият медиҳанду ботини пуч доранд, шарқиён ботинан ғанианд, вале зоҳиран номуваффақ. Агар мағрибӣ ба касе тўҳфае хариданӣ бошад, се моҳ фикр мекунад, бо нисфи шиносу дўстонаш машварат мекунад, машриқӣ пулро ба дасташ медиҳаду худат бихар мегўяд. Мағрибӣ меандешад ки бо ҳамсараш дар мавриди чӣ бояд ин бегоҳ сўҳбат орояд, нисфи умри хонаводагиаш барои муқаррар кардани муносибатҳо сарф мешавад. Этикет барои ў хело муҳим, масалан чӣ гуна доштани корду чумча ва ғайра. Машриқӣ ин гуна мулоҳиза надорад, лекин бадгумонӣ, фориғболӣ ба ў хос аст. Бинобар ин, аз нигоҳи ман ботини шарқиву муносибату усули кори ғарбиро пайвастан лозим аст.
Инсонҳо аз дуо месабзанд!
- Дар робита ба ҳайсияти марду зан пажўҳишҳои зиёди психологие анҷом додаам. Натиҷаи ҷолиб ин буд, ки ҳар қадаре мардон устувор бошанд, ҳамон андоза сатҳи зиндагии занон беҳтар мегардад. Ман зиёда аз 580 нафарро аз нигоҳи ҷинсият, тафаккур, ҷаҳонбинӣ омўхта, ба хулосае омадам, ки занон комёбии худро аз тасодуф, аз кўмаки атрофиён медонанд, ба худ камтар эътимод доранд. Аммо дар мисоли мардон: онҳо ҳамаи дороиву комёбиашонро ба донишу маҳорати худ нисбат медиҳанд, ҳарчанд заҳмати дигарон ҳам бошад. Занон ба ҳама шароит тобовар, мутобиқшаванда ҳастанд. То он вақте ки мард меандешад, зан ҳисоби зиндагиро ёфтанаш мумкин, лекин тарсу ҳассосияташ монеъи пешравиҳои зиёд мегардад. Ин аст, ки дар байни миллионерҳову миллиардерҳо занон кам ба назар мерасанд. Мардҳо тезтар қарор қабул мекунанд, таваккал карданро меписанданд.
Ман дар зиндагӣ аз модарам миннатдорам. Дуои ўст ки ба ин дараҷа расидаам. Дар хурдсолиям сарулибоси маро мепўшонд ва гириста мегуфт: «Бачем, ман аз ту умедам калон. Одами хубу сарбаланд бош, миёни мардум бош». Ин суханон то ҳанўз дар гўшам садо медиҳанд. Аз ин рў, ман мегўям ки инсонҳо аз дуо месабзанд, бинобар ин дуоятонро, дуои некатонро бо овози баланд гўед, лафзи меҳру муҳаббатро шунаво такрор кунед. Муҳаббат инсонро комилтару поктар ва комёб мегардонад.
Ман муқобили онам ки никоҳи хешутаборӣ бошад, зеро ин худхоҳии мо нисбат ба зан аст. Ман муқобили ҳамсари «гапдаро» ҳастам, ки фикру андешаи худашро надорад ва ба хотири дигарон худашро қурбонӣ кардааст.
Мо ду чизро аз занҳо интизорем: ғамхорӣ ва таъриф
- Ҳамсари ман маълумоти олӣ дорад ва ба тарбияи фарзандон машғул аст, зеро тарбия кори аз ҳама душвор буда, ба ҳар кас фарзандони хуб тарбия намудан муяссар намегардад. Бисёриҳо чунин андеша доранд, ки роҳ ба сўи дили мард, ба воситаи меъда аст. Ин андешаи одамони танбали беирода аст. Агар марди доро хўрдан хоҳад, барои тановул ба ресторан ё қаҳвахона меравад. Ба ҳамаи занҳо мегўям: мардон 2 чизро аз шумо интизоранд: ғамхорӣ ва таъриф (албатта самимона). Одатан волидайн фарзандони боистеъдоди худро дўсттар медоранд ва ин як чизи муқаррарист. Худованд ҳам шахсони меҳнатдўсту коргарро дўст медорад. Боре дидаед ки ба ҷўгии талбанда ягон нафар аз рўи меҳр кўмак карда бошад? Ба онҳо бо танаффур менигаранд. Шахсе ки воқеан кор мекунад ва аз кораш лаззат мебарад, ба атрофиён низ таъсири мусбат мерасонад. Бинобар ин, кори тарбияро набояд саҳл пиндошт.
Ман мушкилотро дўст дорам!
- Зиндагии ҳамвор барои рушд мусоидат намекунад. Ман мушкилотро дўст медорам, барои роҳи ҳалли онро ёфтан, ҳангоми чораҷўӣ аз он лаззат мебарам. Рафъи мушкилот шахсиятро устувор ва бомаҳорат мегардонад. Устувор ва муваффақ бошед!
«ЭЛИТА»:
Саидмурод Раҷабович Давлатов – зодаи Тоҷикистон. Фарзанди даҳуми оила буда, дар яксолагӣ аз падар маҳрум монд. Баъд аз хатми мактаби деҳа донишҷўи донишкадаи политехникии пойтахт гардид, аммо бо сабаби надоштани маблағ ин даргоҳро тарк кард. Ҳамин тавр Академияи санъат ва факултаи ҳуқуқшиносии (кадом Донишгоҳ?)-ро низ бо сабаби бепулию қашшоқӣ нотамом гузошт. Сипас роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт, баъдан боз ба таҳсил рў овард. Ба факултаи психологияи Донишгоҳи давлатии Тюмен дохил шуда, ҳамин ихтисосро дар Донишгоҳи давлатии Маскав хатм кард. Ҳоло ин сарватманди тоҷик дар Алмаато зиндагӣ дорад. Доктори илми психологӣ, аз шогирдони сарватманд ва донишманди олмонӣ Бодо Шеффер ва донишманди … Мирзокарим НОРБЕКОВ аст. 21 фурўшгоҳ бо номи «La Speedo» ва «Сарват» дар 6 кишвари дунё: Русия, Украина, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон дорад. Оиладор, соҳиби як писару се духтар.
Шиносоии Саидмурод бо «Мотсарти молиявӣ»
Бодо Шеффер – мушофири молиявии №1 дар Аврупо, нависанда ва тоҷир, ки чун «Мотсарти молиявӣ» машҳур аст. Семинарҳои ў мунтазам дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон – Олмону Белгия, Амрикову Австралия ва Туркия баргузор мегарданд. Асарҳои эҷодкардаи ў дар маъруфияти ҷаҳонӣ доранд.
- Ҳангоми таҳсил дар Венгрия ман ба назди Шеффер омадам ва хоҳиши таҳсилу шогирдӣ кардам. Ў махсус тест гузаронд, гуфт, ки баъди 1 сол чанд маблағ кор кардан мехоҳам, ҷавоб додам, ки 1000 доллар. Ин аз назари ман маблағи зиёд буд. Ў гуфт: «баромада рав». Ман дар ҳайрат мондам, истодам, ў дафъатан таъкид кард, ки бароям ва ду нафар омада маро берун карданд. Истода фикр кардам, ки ман ин қадар пул сарф карда омадам ва акнун ноком бояд равам… Аз ноилоҷӣ ба 1000 як 0 (сифр) ҳамроҳ кардам, ҳарчанд ба ин рақам бовар надоштам. Ў инро диду гуфт, ки мешавад. Дар натиҷа иҷозат дод, ки шогирдаш бошам. Ана ҳамин хел бо Боди Шеффер шудам. бо Мирзокарим Норбеков 7 сол кор кардем, муносибати дўстона дорем.
Filed under: Бехдошт, Гендер, Зиндаги, Мухочират, Мушкилоти чомеа, Раъно Бобочонова, Саидмурод, Таваллуд, Точикистон, Хукуки зан, Хучанд, Чомеа ва зан, Ҷавонон | Комментарии (3) »