Дар вилояти Суғд худкушӣ ва ҷинояткорӣ байни занону духтарон коҳиш ёфтааст.

Ба худкушӣ ва сўиқасд ба он даст задани занон ва ҷавондухтарон яке аз масоили доғи рўз ба ҳисоб меравад ва шӯъбаи кор бо занон ва оила дар ин  самт корҳои худро ҷоннок намудааст. Давоми  шаш моҳи соли 2011 шумораи умумии ба ин ҳодиса дастзадагон 121 нафарро ташкил дода, ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 ҳодиса кам шудааст. Аз ҷумла, байни занону духтарон 66 нафар занон ба ин ҳодиса даст зада, аз ин ҳисоб 16 нафарашонро духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд. Аз 121 ҳодисаи ба қайд гирифта шуда, 31 ҳодиса сўиқасд ба худкушӣ ва сабабҳои худкушӣ – бо касалии руҳӣ – 16; шароити вазнини зиндагӣ – 11;  муноқишаҳои оилавӣ – 22; дигар намудҳо – 32; бо сабабҳои номаълум – 22 ҳодисаро ташкил медиҳад.

Ходисаи худкушӣ байни занон дар шаҳру ноҳияҳои  Хуҷанд – 5 ҳодиса, Исфара – 7 ҳодиса, Истаравшан – 6 ҳодиса, Ашт – 5 ҳодиса, Чкалов – 2 ҳодиса, Кайроққум – 1 ҳодиса, Спитамен – 1 ҳодиса, Гончӣ – 1 ҳодиса, Шаҳристон – 1 ҳодиса поён рафтааст.

      Тибқи маълумоти омории Раёсати корҳои дохилии вилоят шумораи даст ба ҷиноят задани занону духтарон низ 52 ҷиноят кам шудааст.

(дар шашмоҳи соли 2011 – 145 ҷиноят ва дар шашмоҳи соли 2010 – 197 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст). Намудҳои ҷиноятҳои содиршуда; – куштор -1 адад, авбошӣ – 16 адад, даллагӣ – 10 адад, расонидани зарари ҷисмонӣ – 8 адад, дуздӣ – 29 адад, қаллобӣ – 19 адад, дигар намудҳо – 62 ададро ташкил медиҳад. Чиноятҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд (14 ҷиноят), Чкалов (18 ҷиноят), Исфара (8 ҷиноят), Зафаробод (4 ҷиноят), Конибодом (3 ҷиноят), Шаҳристон (2 ҷиноят), Кайроққум (2 ҷиноят), Ч.Расулов (6 ҷиноят) кам ба қайд гирифта шуда, баръакс дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан (6 ҷиноят), Б.Гафуров (2 ҷиноят), Ашт (3 ҷиноят), Мастчоҳ (2 ҷиноят), Спитамен (2 ҷиноят), Гончӣ (1 ҷиноят) зиёд шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Табошар (2 ҷиноят) ва Айнӣ (2 ҷиноят) дар як сатҳ аст.

     Ҷиноятҳои вобаста ба ахлоқ низ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 18 адад кам гашта, дар шаш моҳи соли 2010 – 128 ҷиноят ва шаш моҳи соли 2011 – 110 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст;

        Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД дар масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон  корҳои зиёдро анҷом медиҳад ва самти асосии фаъолият меҳисобад. Аллакай тӯли 2 сол аст, дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят марказҳои машваратию иттилоотӣ фаъолият дорад.

Дар ин муддат аз ҷониби кормандони ин Марказҳо — 3143 муроҷиати шаҳрвандон  баррасӣ шудааст, ки аз ин теъдод 2353 нафарро занон ва 737 нафарро мардон ташкил дода, муроҷиатҳо оид ба муаммоҳои марбут ба Кодекси замин 495 аз он 331 адад муроҷиат ба таври мусбӣ, Кодекси оила 958 адад, аз он 579 адад ба таври мусбӣ, масъалаҳои марбут ба расонидани хизмати аввалиндараҷа, гирифтани зоднома ва шиноснома 591 адад, аз он 438 адад ба таври мусбӣ, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ 310 адад, аз он 154 ба таври мусбӣ, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии оилаҳои муҳоҷирон 248 адад, аз он ба тари мусбӣ 105 адад, масъалҳои ҳифзи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд 115 адад, аз он ба таври мусбӣ 91 адад  ва дигар муаммоҳо 529 адад, аз он 338 адад ба таври мусбӣ ҳалу фасл карда шуданд.

      Дар назди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят низ 10 июли соли ҷорӣ Маркази иттилоотию машваратӣ таъсис дода шуд, ки дар он ҳуқуқшиносон ҳафтае ду маротиба ба муроҷиаткунандагон тариқи ройгон маслиҳат дода, муаммояшонро баррасӣ менамоянд. Инчунин дар доираи тарғибу ташвиқи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шӯъба тасмим гирифтааст, моҳе як маротиба дар шаҳру навоҳии вилоят оид ба расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, қабули сайёрро бо иштироки намояндагони мақомотҳои дахлдор ба роҳ монад

      Ҳамчунин  ҷиҳати тарғиби анъанаҳои миллӣ, тарғиби сарулибос аз матои табиӣ бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ дар байни аҳолӣ, хоса ҷавонон, эҳёи ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ, ташвиқу тақвияти фарҳанг озмуни анъанавии вилоятии «Атласи тоҷик — 2011» бо шукӯҳу шаҳомати баланд баргузор гардид.

      Дар баробари комёбӣ дар назди бахшҳои кор бо занон ва оилаи МИҲД муаммоҳо вуҷуд дорад.  

Ба бахши занон талабот зиёд аст, лекин муҳайё сохтани шароити корӣ бисёр сатҳи паст дорад. Масалан,  мудири бахши занони шаҳри Чкалов 6 сол ин ҷониб дар як утоқӣ корӣ 3 нафар (шӯъбаи танзим ва фарҳанг) якҷоя менишинанд. Магар зани корафтода метавонад дар чунин вазъият бемалол рози дилашро гуфта бошад.

     Ҳамчунин ногуфта намонад, ки баъди Паёми Президент таваҷҷӯҳ ба фаъолияти бахшҳои кор бо занон ва оила ҷиддитар гаштааст ва штати кории онҳо аз ҷумла афзудааст. Лекин, мутаассифона, дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ба монанди Хуҷанд, Чкалов, Ҷ.Расулов, Истаравшан, Қайроққум, Спитамен то ҳол ин штати корӣ ҷудо нагардидааст.

     Барои иҷрои Нақшаи амали Барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои зерин: ба монанди Ч.Расулов, Айнӣ, Шаҳристон, Мастчоҳ ва К.Мастчоҳ маблағҳои пешбинишуда то ҳол ҷудо карда нашудааст. Дар бархе аз онҳо қисман ҷудо гардида, он ҳам бошад ғайри мақсаднок – барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ истифода бурда шудааст.

 Дар назди маркази машваратию иттилоотӣ телефони боварӣ (6-78-36) амал мекунад, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути он ба мо занг зананд ва маслиҳати ҳуқуқӣ гиранд.

 

 

 

 

 

Худкушй эътироз аст !?

Худкушӣ аз нигоҳи ман эътироз ба худ ё эътироз  ба муҳит аст. Ба ин восита нафаре, ки худкушӣ кардааст,  мехоҳад диққати дигаронро ба мушкилоти худ ҷалб намояд, ё қасос гирад, ё водор созад, ки нафаре ҷазо гирифта бошад, аққалан  ба азоби виҷдон гирифтор шавад. Дар байни нафароне, ки ба худкушӣ даст задаанд, гирифторони бемории рӯҳӣ низ ҳастанд.

Лек худкушии мардон ва занон аз ҳам фарқ дорад. Марде, ки худкушӣ кардан мехоҳад, таҷриба нишон медиҳад, ки кам аз қасди худ бармегардад ва нияти худро то ба охир мерасонад. Шакли интихоб кардааш ба натиҷа нигаронида шудааст ва маъмулан худро меовезад. Дар бораи худсӯзӣ, щарқкунӣ, дорухурӣ ё шаклҳои дигари амали худкушии мардон маълумот дарҷ нагаштааст. Мутаассифона, мушоҳида нишон медиҳад, ки вақтҳои охир худкушӣ дар байни ҷавонмардони 16-35 сола афзудааст. Барои мард душвор аст, ки ба заифии худ икрор гардад. +ро муҳит ва ҷомеа тарзе тарбия карда,  ки бояд ҳатман пурқувват ва ҷасур, ёбанда ва таъминкунанда, такягоҳ ва устувор бошад. Агар чунин шуда натавонад, ӯ худро ноумед ва ноӯҳдабаро эҳсос мекунад ва атрофиён низ ба ӯ чунин муносибат доранд. Ҳатто волидайн ба андешаи психологҳо фарзандони комёби худро дӯст медоранд. Заифӣ, ки ба занон бештар нисбат дода мешавад, аслан ба ҳарду ҷинс хос аст, тафовут дар он аст, ки заифии мардон оқибатҳои сахт дорад.

Сониян, қабули қарор барои анҷоми амале дар зан ва мард тафовут дорад. Зан сад бор меандешад ва танҳо дар лаҳзаҳои душвортарин, ки дигар тоқатфарсост ба худкушӣ даст мезанад, лек дар ҳамон ҳолат низ умеде дорад, ки нафаре ӯро халос кунад. Мард тез қарор қабул мекунад ва дар ҳолати пушаймонӣ низ ба он иқрор намешавад.

Муаммои дигар мушкилоти хонаводагӣ кам андар кам мардро ба худкушӣ оварда мерасонад, дар ҳоле ки бештари сабаби худкушии занон хушунати хонаводагист. Занон бештар  ба эҳсос дода шуда гиря мекунанд, асабӣ мегарданд ва дар баробари ин тез мебахшанд. Ба андешаи ман яке аз сабабҳои худкушии мардон ин решаҳои иҷтимоист, аз ҷумла қарздор шуда ночор мондан. Ба гуфтаи як ходими дин дар байни нафароне, ки намоз мехонанд ва масҷиди ҷомеъ меоянд, ба худкушӣ дастзадани мардон ба назар намерасад. Лекин аз ҷиҳати дигар дар илми ҷомеашиносӣ ва муҳити мардсолорӣ  худкушии мардон мавриди тадқиқот низ қарор нагирифтааст. Одатан, марде, ки худкушӣ кардааст, хешу табор ин падидаро пинҳон медоранд, ба хотири айб, нанг будан, ҳол он ки худкушии зан боиси овозаю миш-миш  қарор мегирад. Ҳатто баъди марг ҳам муносибат ба ҷисми зан ва мард тафовут дорад.

Шояд замоне фаро расидааст, ки ба заифии мардон иқрор шуда ба онҳо чун ба инсон муносибат намоем. Марказҳои зиддибӯҳронии мардона созмон диҳем,  телефонии бовариро аз ҷумла барои мардон низ ташвиқу тарщиб намоем. ..

Беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардумро дўст медорам…

Саидмурод ДАВЛАТОВ

Саидмурод Раҷабович Давлатов дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Ў фарзанди даҳўм дар оила буда дар яксолагӣ аз падар маҳрум мемонад. Баъди хатми мактаб ба донишкадаи политехники пойтахт дохил мешаваду бо сабаби надоштани маблағ онро тарк мекунад. Хамчунин  академияи  санъат ва факултаи ҳуқуқшиноси бо сабаби бепулию қашшоқӣ нотамом мемонад. Сипас муҳоҷиратро пеша мекунаду аз паси таҳсил мегардад. Ба факултаи психологии Донишгоҳи давлатии Тюмень дохил шуда ҳамин ихтисосро дар донишгоҳи давлатии Москав хатм мекунад. Ҳоло ў миллионери тоҷик, ки дар Алмаато зиндагӣ дорад. Доктори илми психологӣ, шогирди Бодо Шеффер ва Мирзокарим Норбеков, дорандаи 21 магазини «Laspeedo» ва «Сарват» дар 6 кишвари дунё: Русия, Украина, Қазоқистону Қирғизистон, Туркия ва Тоҷикистон мебошад. Оиладор, сохиби 1 писару се духтар аст.

Саидмурод Раҷабович ШАХСИ КОМЁБ ё доро як мафҳум аст? Муносибати шумо ба пул чӣ гуна аст, зеро китоби шумо «Ман ва пул» унвон дорад?

Ман ба он андеша ҳастам, ки танҳо одами доро ба дигарон нафъ расонида метавонад. Аслан одамони доро ё бой тафаккури дигар доранд, онҳо нисбатан раҳмдил ва одилу саховатманд ҳастанд, зеро чӣ нафаре аз атрофиён доро бошанд, ҳамон андоза сатҳи зиндагӣ беҳтар мешавад. Ман дар хотир дорам, вақте бори аввал руйхати орзуҳои худро навиштам он аз 12 саҳифа иборат шуд, ки ин борат буд аз харидани курткаи чармин, хона, мошин, ҷиҳози хона ва ғайраҳо. Боди Шеффер устоди ман гуфт: ин рўйхати камбағалии туст, на орзу. Ман имрўз медонам, ки ин суханон ҳақиқатанд. Аксарият хароҷоташон аз даромадашон зиёд, пул наомада аллакай барои харидани сару либос ва дигар лавозимот сарф мекунанд ва барои пиронсолӣ захира надоранд.  Ба мардуме, ки воқеан хаёти худро дигар кардан  мехоҳанд, орзу доранд, кор кардан мехоҳанд, бояд сабақ омўзем. Бинобар ин ман китоби худро аз таҷриба ва донишҳои омўхтаам, навишта пешниҳод кардам. Пул бошад воситаест, ки орзуҳоро амалӣ мегардонад.Имконият аввал, баъд пул, ақл аввал, баъд боигарӣ меистад.  Нодон пулдор шавад онро баъди чанде тамом мекунад, доно бошад аз пул пули дигар меёбад.

Саидмурод Раҷабович тоҷик будан ба шумо барои рушд монеаъ нашуда буд? муносибати шумо ба таҳсил чӣ гуна аст?

Қадамҳои нахустинро ман ҳам аз сохтмону тиҷорат дар Москав оғоз намуда будам. Забони русиро намедонистам. Устоди ман, ёрдамчии ректори донишгоҳи давлатии Тюмень  Ангелина Григорьевна ба ман гуфт: Саид ту ақли расо дори чаро таҳсил намекунӣ? Мо онҷо бо таъмири бино машғул будем. Ў бароям китоб меовард ва ман онро хонда иншо менавистам аз он дар тўли 6 моҳ шабу рўз. Рўзи имтиҳони қабул 18 нафар буданд ва ба ман яке аз имтиҳонгирандагон гуфтанд: Давлатов аввал ба забони русӣ гап заданро ёд гиред, баъдан ба хондан биёед, ба хона баргардед. Ман медонистам, ин шанси охирини манн ва гуфтам:донишгоҳ барои он ки ман баринҳо хонда савод гиранд, ман ягона тоҷик, ки ҳуҷчат супоридааст ва гуноҳ надорам, ки дар қишлоқи дурдаст хондаму забони русиро намедонам. Агар шумо забони хитойиро намедонед, ин маънои онро надорад, ки шумо бесавод ҳастед. Ман воқеан хондан меҳохам.  Он замон ректор гуфта буд: аз ў психолог мебарояд Давлатов шумо студент. Агар ба манн як вазифа диҳанд манн ду вазифа иҷро мекардам, як бор бо устод вохўранд манн ду бор наздаш мерафтам. Натиҷааш 4 забони хориҷиро медонам. Дар 63 кишвари дунё будам.  Ба фикри ман охирин сентро гирифта ба дониш сарф намоед, он вақт он доллар шуда бозмегардад, бояд шиори мо тоҷикон гардад.

Байни шарқиён ва ғарбиен чӣ умумият ва чӣ тафовуте мушоҳида кардед?

Ман эътимод дорам,ки мардуми шарқ бозаковату дурандеш ҳастанд, вале андак танбал ва гирифтори урфу одат, ки намунаи онро дар қиёси бозор ва супермаркет мушоҳида намудан мумкин аст. Ғарбиён сахт ба зоҳир аҳамият медиҳанду ботини пуч доранд, шарқиен ботини бой вале зоҳири нообод. Агар  мағрибӣ тўҳфае харидани бошад се моҳ фикр мекунад, бо нисфи шиносу дўстонаш маслиҳат мекунад, машриқӣ пулро ба дасташ медиҳаду худат бихар мегўяд. Мағрибӣ меандешад, к ибо ҳамсараш дар мавриди чӣ бояд ин бегоҳ сўхбат орояд, нисфи умри хонаводагӣ барои муқрарра кардани муносибатҳо сарф мешавад. Этикет барои ў муҳим чӣ гунна доштани корду чумча ва ғайра. Машриқӣ ин гуна мулоҳиза надорад, лекин бадгумонӣ, фориғболӣ     ба ў хос аст. Бинобар ин ботини шарқиву муносибату усули  кори ғарбиро пайвастан лозим аз нигоҳи ман.

Саидмурод Раҷабович муносибати шумо ба зан чӣ гуна аст? Оё дар мавриди муносибат ба зан тадқиқоте анҷом додаед?

Чӣ андоза мардон устувор бошанд, сатҳи зиндагии занон беҳтар мегардад. Ман зиёда аз 580 нафарро аз нигоҳи ҷинсият, тафаккур, ҷаҳонбинӣ  омўхтам ва ба хулоса омадам, ки занон комёбии худро аз тасодуф, кўмаки атрофиён медонанд, ба худ эътимод камтар доранд. Лекин мардон ҳамаи дороиву комёбии худро аз донишу маҳорати  танҳо худ медонанд, ҳарчанд заҳмати дигарон бошад ҳам. Занон ба ҳама шароит тобовар, мутобиқшаванда ҳастанд. То он вақте ки мард меандешад, зан ҳисоби зиндагиро ёфтанаш мумкин, лекин тарсу эҳсоснокияш монеаи пешравиҳои зиёд мегардад. Бинобар ин дар байни миллионерҳову миллиардерҳо занон кам ба назар мерасанд. Мардҳо тезтар қарор қабул мекунанд ва таваккал карданро ихтиёр доранд.  Ман аз модарам дар зиндагӣ миннатдор ҳастам. Дуои ў аст, ки ба ин дараҷа расидам. Ў дар хурдсолӣ  сарулибоси маро мепўшонд ва гириста мегуфт: бачем ман аз ту умедам калон. Одами хубу сарбаланд бош, миёни мардум шав. Ин суханон то ҳанўз дар гўшам садо медиҳад. Бинобар ин мегўям аз дуо месабзанд, бинобар ин дуоятонро бо овози баланд гўед, лафзи  меҳру муҳаббатро шунаво такрор кунед. Муҳаббат инсонро комилтару поктар ва комёб мегардонад.  Ман муқобили он ҳастам, ки никоҳи хешутаборӣ бошад, зеро ин худхоҳии мо нисбати зан  аст. Ман муқобили ҳамсари «гапдаро» ҳастам, ки фикру андешаи худаш нест ва ба хотири дигарон худашро қурбонӣ кардааст.

Пас ҳамсари шумо чӣ гуна шахсият аст ва бо чӣ кор машғул аст?

Ў маълумоти олӣ дорад ва бо тарбияи фарзандон машғул аст, зеро тарбия кори аз ҳама душвор буда на ба ҳар кас фарзандони хуб тарбия намудан муяссар мегардад. Бисёриҳо чунин андеша доранд, роҳ ба суи дили мард ба воситаи меъда аст. ин андешаи кадом одамони танбали беирода аст. агар марди доро хўрдан хоҳад ба ресторан ё қаҳвахона барои тановул меравад. Ба ҳамаи занҳо мегўям: мардон 2 чизро аз шумо интизоранд, ғамхорӣ (нежность) ва таъриф (восхищение).  Одатан волидайн фарзандони боистеъдоди худро дўсттар медоранд ва ин як чизи муқаррарӣ мебошад. Худованд шахсони меҳнатдўсту коргарро дўст медорад. Бубинед дидаед, ки боре ба ҷўгии  талбанда ягон нафар аз рўи меҳр кўмак карда бошад. Ба онҳо бо танаффур менигаранд, ба шахсияте, ки воқеан кор мекунад ва аз кораш лаззат мебарад, ба шумо низ таъсири мусбат мерасонад. Бинобар ин кори тарбияро саҳл набояд пиндошт.

Саидмурод Рачабович, то ҷое донистам  шумо мушкилписанд хастед?

Зиндагии ҳамвор барои рушд мусоидат намекунад. Ман проблемаро дўст медорам барои роҳи ҳалли онро ёфтан ва ҳангоми ҳал кардан аз он лаззат бурдан. Он шахсиятро устувору бомаҳорат мегардонад.Вақте  инсон доимо барои дигарон зиндагӣ мекунад, мехохад ба ҳама писанд бошад  оқибат ба беморӣ меорад. Тасаввур кунед, ки якчанд лаҳза дастатонро мушт кардед, ва қуввати ин муштро дучанд, сечанд афзудед. Баъдан дастатонро озод намудед, эхсоси озодӣ чи хуш аст баъди он, лекин дастатон мондагиро ҳис мекунад. Тасаввур кунед, ки тамоми умр асабро чунин таранг аз рўбиниву хотир, кинаву адоват , бухлу ҳасуд нигоҳ медоранд. Оқибат он метаркад. Саломат бошад, арзиши ноёб аст.

Дирўз муҳоҷири меҳнатӣ, имрўз сарватманд. Чи гуна метавон ба чунин муваффақият ноил шуд? Ҷавоби ин суол аз Саидмурод ДАВЛАТОВ:

Охирин сентро ба дониш сарф намоед, доллар шуда бозмегардад!

— Қадамҳои нахустини худро аз сохтмону тиҷорат дар Маскав оғоз намудаам. Забони русиро намедонистам. Устоди ман, ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Тюмен Ангелина Григоревна ба ман гуфт: «Саид, ту ақли расо дорӣ, чаро таҳсил намекунӣ?». Мо дар он ҷо бо таъмири бино машғул будем. Ў бароям китоб меовард ва ман онро хонда иншо менавиштам, шабу рўз, тўли 6 моҳ… Рўзи имтиҳони қабул 18 нафар буданд ва ба ман яке аз устодон, ки имтиҳон қабул мекард, гуфт: «Давлатов, аввал ба забони русӣ гап заданро ёд гиред, баъдан ба хондан биёед. Ба хона баргардед». Он замон ин шанси охирини ман барои таҳсил буд, гуфтам: «донишгоҳ барои он вуҷуд дорад ки ман баринҳо хонда савод гиранд, ман ягона тоҷике ҳастам ки ин ҷо ҳуҷҷат супоридаам, гуноҳе надорам, ки дар деҳаи дурдаст хондааму забони русиро намедонам. Агар шумо забони хитойиро намедонед, маънои онро надорад, ки бесавод ҳастед. Ман воқеан хондан мехоҳам». Он замон ректор гуфта буд: «Аз ў психолог мебарояд, Давлатов, шумо донишҷў». Дар натиҷа, агар устодон ба ман як вазифа диҳанд, ман ду вазифаро иҷро мекардам, дигар донишҷўён як бор бо устод вохўранд ман ду бор наздашон мерафтам. Натиҷа ин шуд, ки 4 забони хориҷиро аз худ кардам. Дар 63 кишвари дунё будам. Маслиҳати ман ин аст, ки охирин сентро гирифта ба дониш сарф намоед, он вақт доллар шуда бозмегардад! Бояд ин гуфта шиори мо, тоҷикон, гардад.

«Ман ва пул» — китоби ахири ман

— Ман бар он андеша ҳастам, ки танҳо одами доро ба дигарон нафъ расонида метавонад. Аксаран одамони доро ё сарватманд тафаккури дигар доранд, онҳо нисбатан раҳмдил ва одилу саховатманд мешаванд, зеро ҳар чи бештар аз атрофиён доро бошанд, ҳамон андоза сатҳи зиндагӣ беҳтар мегардад. Дар хотир дорам, вақте бори аввал руйхати орзуҳои худро навиштам, он аз 12 саҳифа иборат буд, аз қабили харидани курткаи чармин, хона, мошин, ҷиҳози хона ва ғайраҳо. Устодам Бодо ШЕФФЕР гуфт: «ин рўйхати камбағалии туст, на орзуҳо». Ман имрўз медонам ки ин суханон ҳақиқатанд. Аксарият хароҷоташон аз даромадашон зиёд аст, пули набударо барои харидани сарулибос ва дигар лавозимот сарф мекунанд, барои пиронсолӣ захира надоранд. Ба мардуме ки воқеан ҳаёти худро дигар кардан мехоҳанд, орзу доранд, кор кардан мехоҳанд, бояд сабақ омўзем. Бинобар ин, ман китоби худро аз таҷриба ва донишҳои омўхтаам навишта ба ин қабил афрод пешниҳод кардам, то барояшон ҳамчун дастур хизмат намояд. Пул воситаест, ки орзуҳоро амалӣ мегардонад. Аввал имконият, баъд пул; Аввал ақл, баъд сарват меистад. Нодон пулдор шавад, баъди чанде онро тамом мекунад, доно аз пул пул меёбад.

Дар ботин шарқӣ, дар зоҳир ғарбӣ

— Ман эътимод дорам, ки мардуми Шарқ бозаковату дурандеш ҳастанд, вале андак танбал ва гирифтори урфу одат, ки намунаи онро дар қиёси бозор ва супермаркет мушоҳида намудан мумкин аст. Ғарбиён сахт ба зоҳир аҳамият медиҳанду ботини пуч доранд, шарқиён ботинан ғанианд, вале зоҳиран номуваффақ. Агар мағрибӣ ба касе тўҳфае хариданӣ бошад, се моҳ фикр мекунад, бо нисфи шиносу дўстонаш машварат мекунад, машриқӣ пулро ба дасташ медиҳаду худат бихар мегўяд. Мағрибӣ меандешад ки бо ҳамсараш дар мавриди чӣ бояд ин бегоҳ сўҳбат орояд, нисфи умри хонаводагиаш барои муқаррар кардани муносибатҳо сарф мешавад. Этикет барои ў хело муҳим, масалан чӣ гуна доштани корду чумча ва ғайра. Машриқӣ ин гуна мулоҳиза надорад, лекин бадгумонӣ, фориғболӣ ба ў хос аст. Бинобар ин, аз нигоҳи ман ботини шарқиву муносибату усули кори ғарбиро пайвастан лозим аст.

Инсонҳо аз дуо месабзанд!

Дар робита ба ҳайсияти марду зан пажўҳишҳои зиёди психологие анҷом додаам. Натиҷаи ҷолиб ин буд, ки ҳар қадаре мардон устувор бошанд, ҳамон андоза сатҳи зиндагии занон беҳтар мегардад. Ман зиёда аз 580 нафарро аз нигоҳи ҷинсият, тафаккур, ҷаҳонбинӣ омўхта, ба хулосае омадам, ки занон комёбии худро аз тасодуф, аз кўмаки атрофиён медонанд, ба худ камтар эътимод доранд. Аммо дар мисоли мардон: онҳо ҳамаи дороиву комёбиашонро ба донишу маҳорати худ нисбат медиҳанд, ҳарчанд заҳмати дигарон ҳам бошад. Занон ба ҳама шароит тобовар, мутобиқшаванда ҳастанд. То он вақте ки мард меандешад, зан ҳисоби зиндагиро ёфтанаш мумкин, лекин тарсу ҳассосияташ монеъи пешравиҳои зиёд мегардад. Ин аст, ки дар байни миллионерҳову миллиардерҳо занон кам ба назар мерасанд. Мардҳо тезтар қарор қабул мекунанд, таваккал карданро меписанданд.

Ман дар зиндагӣ аз модарам миннатдорам. Дуои ўст ки ба ин дараҷа расидаам. Дар хурдсолиям  сарулибоси маро мепўшонд ва гириста мегуфт: «Бачем, ман аз ту умедам калон. Одами хубу сарбаланд бош, миёни мардум бош». Ин суханон то ҳанўз дар гўшам садо медиҳанд. Аз ин рў, ман мегўям ки инсонҳо аз дуо месабзанд, бинобар ин дуоятонро, дуои некатонро бо овози баланд гўед, лафзи  меҳру муҳаббатро шунаво такрор кунед. Муҳаббат инсонро комилтару поктар ва комёб мегардонад.

Ман муқобили онам ки никоҳи хешутаборӣ бошад, зеро ин худхоҳии мо нисбат ба зан  аст. Ман муқобили ҳамсари «гапдаро» ҳастам, ки фикру андешаи худашро надорад ва ба хотири дигарон худашро қурбонӣ кардааст.

Мо ду чизро аз занҳо интизорем: ғамхорӣ ва таъриф

Ҳамсари ман маълумоти олӣ дорад ва ба тарбияи фарзандон машғул аст, зеро тарбия кори аз ҳама душвор буда, ба ҳар кас фарзандони хуб тарбия намудан муяссар намегардад. Бисёриҳо чунин андеша доранд, ки роҳ ба сўи дили мард, ба воситаи меъда аст. Ин андешаи одамони танбали беирода аст. Агар марди доро хўрдан хоҳад, барои тановул ба ресторан ё қаҳвахона меравад. Ба ҳамаи занҳо мегўям: мардон 2 чизро аз шумо интизоранд: ғамхорӣ ва таъриф (албатта самимона).  Одатан волидайн фарзандони боистеъдоди худро дўсттар медоранд ва ин як чизи муқаррарист. Худованд ҳам шахсони меҳнатдўсту коргарро дўст медорад. Боре дидаед ки ба ҷўгии талбанда ягон нафар аз рўи меҳр кўмак карда бошад? Ба онҳо бо танаффур менигаранд. Шахсе ки воқеан кор мекунад ва аз кораш лаззат мебарад, ба атрофиён низ таъсири мусбат мерасонад. Бинобар ин, кори тарбияро набояд саҳл пиндошт.

Ман мушкилотро дўст дорам!

— Зиндагии ҳамвор барои рушд мусоидат намекунад. Ман мушкилотро дўст медорам, барои роҳи ҳалли онро ёфтан, ҳангоми чораҷўӣ аз он лаззат мебарам. Рафъи мушкилот шахсиятро устувор ва бомаҳорат мегардонад. Устувор ва муваффақ бошед!

«ЭЛИТА»:

Саидмурод Раҷабович Давлатов – зодаи Тоҷикистон. Фарзанди даҳуми оила буда, дар яксолагӣ аз падар маҳрум монд. Баъд аз хатми мактаби деҳа донишҷўи донишкадаи политехникии пойтахт гардид, аммо бо сабаби надоштани маблағ ин даргоҳро тарк кард. Ҳамин тавр Академияи санъат ва факултаи ҳуқуқшиносии (кадом Донишгоҳ?)-ро низ бо сабаби бепулию қашшоқӣ нотамом гузошт. Сипас роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт, баъдан боз ба таҳсил рў овард. Ба факултаи психологияи Донишгоҳи давлатии Тюмен дохил шуда, ҳамин ихтисосро дар Донишгоҳи давлатии Маскав хатм кард. Ҳоло ин сарватманди тоҷик дар Алмаато зиндагӣ дорад. Доктори илми психологӣ, аз шогирдони сарватманд ва донишманди олмонӣ Бодо Шеффер ва донишманди … Мирзокарим НОРБЕКОВ аст. 21 фурўшгоҳ бо номи «La Speedo» ва «Сарват» дар 6 кишвари дунё: Русия, Украина, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон дорад. Оиладор, соҳиби як писару се духтар.

Шиносоии Саидмурод бо «Мотсарти молиявӣ»

Бодо Шеффер — мушофири молиявии №1 дар Аврупо, нависанда ва тоҷир, ки чун «Мотсарти молиявӣ» машҳур аст. Семинарҳои ў мунтазам дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон – Олмону Белгия, Амрикову Австралия ва Туркия баргузор мегарданд. Асарҳои эҷодкардаи ў дар маъруфияти ҷаҳонӣ доранд.

— Ҳангоми таҳсил дар Венгрия ман ба назди Шеффер омадам ва хоҳиши таҳсилу шогирдӣ кардам. Ў махсус тест гузаронд, гуфт, ки баъди 1 сол чанд маблағ кор кардан мехоҳам, ҷавоб додам, ки 1000 доллар. Ин аз назари ман маблағи зиёд буд. Ў гуфт: «баромада рав». Ман дар ҳайрат мондам, истодам, ў дафъатан таъкид кард, ки бароям ва ду нафар омада маро берун карданд. Истода фикр кардам, ки ман ин қадар пул сарф карда омадам ва акнун ноком бояд равам… Аз ноилоҷӣ ба 1000 як 0 (сифр) ҳамроҳ кардам, ҳарчанд ба ин рақам бовар надоштам. Ў инро диду гуфт, ки мешавад. Дар натиҷа иҷозат дод, ки шогирдаш бошам. Ана ҳамин хел бо Боди Шеффер шудам. бо Мирзокарим Норбеков 7 сол кор кардем, муносибати дўстона дорем.

Танҳо модари хушбахт модар хуб буда метавонад, фаромўш накунед мардҳо!!!

Инсон будан ва зан ҳарду калима оё як маънӣ дорад? Агар посухи шумо мусбист пас чаро нисбат ба зан ҷабру ҷафо зиёд аст ва талабот ба зан бештар аст.Он  чизе,  ки ба инсони комил  мақбул нест чаро ба зан талқин карда мешавад?.

Дилафрўз бо фарзанди 12 солааш тўи арўсӣ дошт. Як тоҷире гўё ба хотири савоб ўро ба занӣ гирифта бошад. Умеда аз ин тўй бо ҳаяҷону изтироб баргашт. Ба қавли Умеда дар хона меҳмонон ҳама ба сатри аврат ва аксарият занони дуюм, сеюм ва ғайра буданд.  Барои чӣ ин воқеаро ба хотир овардам. Ин мушкилоти рўзгор анъанавӣ ва аз ҷониби мақомоти қудратӣ нодида гирифта мешавад. Дар баъзе расонаҳои хабарӣ андешае низ пешкаш мегардад, ки чунин занонро кӣ ҳифз менамояд, бинобар ин онҳо аз ночорӣ зани рақамдор мешаванд ва тавассути он фарзандон саробон меёбанду сатҳи зиндагии оилаҳо беҳтар мегардад.

Дар асл чӣ? Дар Тоҷикистон дар ин маврид тадқиқоти ҷиддии солҳои охирро ман вонахўрдам. Ба ғайр аз тадқиқоти М.Хегай чизеро номбар карданам душвор, лекин тадқиқоти муҳаққиқон аз давлати Малайзия «Хоҳарон дар ислом» (SIS)  диқкатҷалбкунанда аст.Тадқиқот ҷиддӣ ва аз рўи усулҳо сифатию миқдорӣ  низ тадқиқоти хуб ба шумор рафта доир ба омўзиши полигамия, яъне бисёрникоҳӣ мадад карда метавонад. Дар тадқиқоти зикршуда олимон аз 3 донишгоҳ ҷалб шуда дар 12 штати Малайзия гузаронида шудааст, сониян 1500 нафар мавриди тадқиқ қарор гирифта на танҳо байни занон, ҳамчунин мардону кўдакон низ пурсишҳои пурра доир гаштааст. Ин тадқиқот чиро мушаххас сохт[1]:

— фарзандон дар оилаҳои бисёрникоҳа рўҳан заиф ва ноустувор буда мушкилоти худро ба ҳеҷ кас гуфта наметавонанд;

-дар шароити зарурӣ ба падар эҳтиёҷ дошта бошанд ҳам падар ва кўмаки ўро пайдо карда наметавонанд ;

-модари чунин фарзандон ҳамеша асабӣ буда ба фарзандон рўи хуш намедиҳад, ба дилаш намеғунҷад, танҳо модари хуб- модари хушбахт аства баръакс ;

-дар бисёр ҳолат зани дуюм ва сеюм худаш зиндагиашро пеш мебарад, аз нигоҳи иқтисодӣ таъмини оила бар дўши худи ўст, ў тоҷириро пеша кардааст ва ғайраҳо;

-мардҳо «giliran» истилоҳи малазиягӣ доир ба адолатро бо баҳонаи кор ё бемории фарзандон ва масъалаҳои дигар риоя намекунанд ва он дар сухан боқӣ мемонад;

— чунин мардҳо намеҳоханд, ки фарзандонашон бисёрникоҳа гардад, зеро ин муносибат ҳамеша ба стресс вобастагӣ дорад.

-дар оилаҳои бисёрникоҳа масъалаҳои ҳамсарӣ тезутундтар аст, ки ба саломатии мард зарар мерасонад.

Дар асл чизи аз ҳама муҳим мафҳуми инсон будан дар ин  маврид зери по карда мешавад, яъне зан дар ин  маврид қадру қимат ва хассосияти худро фурў мешинонад. Ин дар мавриди хуб будани муносибати инсонҳо, вале вақте сухан аз боби таъмини ҳуқуқ равад, занро танҳо мушкилоти  рўхӣ ва иқтисодӣ пайгирӣ мекунад.

Ба қонунгузории ҶТ назар меандўзем. Қонун танҳо он оилаҳоеро ҳифз мекунад, ки дар САҲШ  расман қайд карда шудаанд.  Амволи муштараки ҳамсарон дар давраи хонадорӣ  метавонад тақсим карда шавад (Кодекси оилаи ҶТ). Фарзандон аз алиментва мероси падар бархўрдор ҳастанд. Дар дигар маврид чӣ, зани рақамдор ба чӣ умед баста метавонад? Аввалан муносибат ба ў якхела нест, зеро ў ҳамеша гунаҳкор аст, зеро дидаву дониста оилаеро тақсим кардааст, халалдор сохтааст. Сониян, қонунро вайрон кардааст ва қонунҳои мавҷуда низ ўро ҳифз карда наметавонанд. Ў ба тақсими амвол, парастории шавҳар ҳуқуқ надорад. Домуллои никоҳ хондаро шояд нашиносад ва ҳатто шиносад ҳам ҳеҷкас ба додаш намерасад. Дигар, фарзандонаш танҳо ба воситаи муқаррар кардани падарӣ ба мерос ва алимент таъмин карда мешаванду халос ва худи рў овардан ба ин масъала асабонияти дигар аст. Азбаски бисёр оилаҳо бо нишондоду дархости волидайн бунёд мегарданд, худ устувории иқтисодӣ надоранд ва ҳама ҷиҳата бо маслиҳати волидайн умр ба сар мебаранд. Муҳимаш келин ба хушдоман маъқул бошад, дили ўро ёбад, зиндагии якҷояи оила имкон дорад, вагарна ё писар аз оила маҳрум мешавад ё аз модар. Агар аз модар дур равад, дар ҷомеа мақомашро аз даст медиҳад. Зан бошад ёфт мешавад,-мегўянд бисёри мардҳо.

Инсон новобаста аз ҷинсият хоҳ мард бошад хоҳ зан эҳсоси рашк, худдўстдорӣ ва эҳтироми шахсият дорад. Тасаввур кардан мушкил мардеро, ки барои шавҳари дигар доштани занаш ризоият диҳад, вале ҳамин ҷиҳат ба зан талқин карда мешавад, ўро ба фурўтанӣ, тоқаткунӣ ва ғайраҳо роҳбаладӣ мекунем. Дар замони муосир бисёр занон худ таъминкунандаи оила, ризқёбанда,  тарбияткунанда шудаанд. Шояд дар ин маврид сухан аз арзишҳои исломӣ неву арзишҳои инсонӣ равад. Шояд муносибатамон ба занони бешавҳар дигар гардад, ки на ҳамеша онҳо вайронкунандаи ахлоқи ҷомеа хастанд ва аз сару либосашон мардҳои ҷомеа озор ё беҳаловат мешаванд. Масъулияти инсон будан ба дўши инсонҳо вогузошта шавад.

Тақдири Дилафрўз чӣ мешавад, пешгўи кардан душвор, шояд барои ў мақоми «шўдорӣ-обрўдорӣ» муҳимтар аз ҳама чизҳои дунё бошад…


[1] Масджализа Хамза (Masjaliza Hamzah) сарвари тадќикоти мазкур  дар доираи лоињаи  «Сестры в исламе» (SIS).

Роҳи халосӣ куҷост…

Аксарияти оилаҳои мо сохтаву сунъианд. Дар он мо ба дурўғу сохтакорӣ чунон одат кардаем, ки онро ҳақиқат мепиндорем. Нафаре нест, ки гўяд чанд миқдори оилаҳои мо воқеан хушбахтанд. Хоҳ ҷавон, хоҳ миёнасолу пир ба хотири фарзанд, обрў, андешаи муҳит, тақсим накардани амвол ё баҳонаи дигаре  умр ба сар мебаранд- мегўяд Ибодуллоҳ Калонзода, имом хатиби яке аз масҷидҳои ҷомеи шаҳри Хуҷанд. Ин сохтакорӣ шояд нуқсе надошта бошад, агар …

Модари Мехроҷ, духтараки ҷавони 21 сола аз шавҳар ҷудо шуд. Ўро ба хонаи волидайн оварда монданду гуфтанд: духтаратон ба мо муносиб нест. Баҳона бошад ёфт шуд, банане , ки тағояш барои ҷиян овардааст. Чӣ дар хона мо чунон камбағалем, ки худамон харида намедиҳем. Вақте хусуру хушдоман ба домод  барои тиҷорат пул доданду ў ин пулҳоро нест кард, иззати нафсашон накоҳида буд, вақте барои духтарашон сару либос мехаранд, қаҳр намекарданд, лекин бо овардани банан маълум карданд, ки келин онҳоро писанд намекунад.  Ҷанҷоли қудоҳо суханони дурушти модарони ду тараф, тақсими амволро бинед , гумон мекунед, ки аз инҳо дида душмани ғаддоре дар олам нест. Агар дар даст яроқ дошта бошанд, хатман онро ба кор меандозанд. Аслан келинро модари домод интихоб карда ба хостгорӣ рафтааст, вале ҳозир аз авлоди интихоб  кардааш сахт пушаймон гаштааст.

Ҷонишини раиси суди шаҳри Хуҷанд Исмон Гиёев мегўяд: мо одоби оиладорӣ надорем. Барои бунёди оила бемасъулиятона рафтор мекунем. Вагарна дар соли 2008 232 ариза барои ҷудошавӣ, соли 2009 310 ариза барои катъ намудани оила ба суди шаҳрӣ ворид намешуд. Фарзандон муносибатро аз волидайн меомўзанд. Агар бинанд, ки шавҳар ё зан ба ҳам муҳаббат, эҳтиром, садоқат надоранд, дар тамоми умри худ аз  ин эҳсосот бенасиб мемонанд ва ин хислатҳоро аз кӣ меомўзанд.

Имом хатиби «Нури ислом»-и шаҳри Хуҷанд Ибодуллоҳ Калонзода ёдовар мешавад, ки муҳаббат дар аксарияти оилаҳои мо нест. Ў ба хотир меорад, ки бобои 82 сола дар рамазон ба таробӣ намеистоду ба хона мешитобид, зеро кампираш ўро интизор аст. Ман имрўз  садоқату муҳаббатро на дар оилаҳои ҷавон на дар оилаҳои миёнсол намебинам. Сабаб оилаҳои мо барои унс гирифтан ба ҳам имконият надоранд.Келинро волидайн интихоб мекунад ва зани ҷавон бояд ба ҳама аъзоёни оила мутобиқ гардад. Баъдан ў вақт надорад, к ибо шавҳар танҳо монад, аз паи домоду набераҳост. Зин рў мо барои худ зиндагӣ надорем. Оилаҳое, ки дар зоҳир обод ҳастанд дар асл мушкилоти зиёд дар муносибатҳо доранд, валек онро ошкор намекунанд. Келин одатан ғуломи хонавода аст. Ў ҳатто табъи дили худ хўрдаву пўшида наметавонад, бояд пеш аз ҳама мувофиқи майли хушдоману хусур хўрок пазад. Типи ҳонаҳои мо ҳам чунин сохта шудааст.  Ман мўътакид  ҳастам, фикрашро идома медиҳад Калонзода, ки барои нигоҳубини волидайн дар як хона истиқомат кардан шарт нест.

Мушкилоти асосӣ барои оилаҳои анъанавӣ фарзанд ба хонаи волидайн зан мегирад. Худаш соҳиби амвол,  хатто ҷойи ко р ва даромад нест. Бинобар ин ҳангоми оилавайроншавӣ зан ба ғайр аз маскун кардан дигар ба ягон чиз ҳуқуқ надорад. Агар дар рафти зиндагии якҷоя соҳиби амвол шавад ҳам он ба номи модар, падар, хешовандони наздик навишта мешавад. Барои зан дар суд исбот намудани моликияти шавҳар тақрибан баробари сифр аст. вай танҳо алимент барои фарзандонаш аз ҳисоби маоши расмии шавҳар руёнида метавонаду халос.

Ҷонишини раиси суди шаҳри Хуҷанд Гиёев И.Қ мегўяд: фарзандон воситаи қасосгирӣ барои волидайн ҳастанд. Манфиатҳои кўдаконро ҳарду тараф поймол мекунанд, дар бораи онҳо фикр намеравад. Ҳангоми ҷудошавӣ сухан танҳо дар бораи тақсими чизу чора аст. шавҳар ўҳдадор аст, ки фарзандашро бо манзил, хўроку либос таъмин намояд, лекин ў чунин масъулиятро эҳсос намекунад. Сониян, қонун танҳо он оилаҳоеро ҳифз мекунад, ки агар дар САҲШ (ЗАГС) аз қайд гузаштаанд. Оилаҳои беникоҳи давлатӣ танҳо ба алименти фарзандон талош карда метавонанду халос.

Мутаассифона ҳуқуқҳои молиявии ин гуна оилаҳоро  шариат низ ҳифз карда наметавонад. Калонзода мегўяд, дар ин ҳолатҳо мулло агар обрў ва дониш дошта бошад, танҳо насиҳат карда метавонад, дигар ҳеҷ.  Ба андешаи ў намешавад, ки аз шариат ба нисф, хангоми зарурат истифода бурду боқӣ не, чунончӣ митинги мотам гузаронида мешавад ва дар охир барои ҷаноза хондан сухан ба мулло додан ё аз ташвиқу тарғиби дин барои мубориза алайҳи нашъамандӣ истифода кардан. Агар никоҳи шариатӣ ба қайд гирифта шавад ин пешгирии бисёр камбудиҳо хоҳад буд. Яъне ҳамаи оилаҳо 100%  қайд мешаванд, ҳозир тахмин 60% оилаҳо қайд карда мешаванд. Масъулияти муллоҳо зиёд мешавад ва онҳо ҷавобгарӣ эҳсос мекунанд. Шартномаи никоҳ ва маҳр моҳиятан як чиз аст, вале азбаски номаш дигар онро ҷомеа қабул накарда истодааст. Шояд фатво дода шавад, ки ЗАГС ин хамон никоҳ асту шартномаи никоҳ барои мардуми мо чизи бегона нест, ба хотири ҳифзи зан ва фарзандон. Сониян ҷудошавӣ бо   ЗАГС хам маънии талоқро дорад, — таклиф мекунад Калонзода.

Ба ин муносибат маркази занони «Гулрухсор» як лоиҳаеро тарҳрезӣ намуд, ки дар он ходимони дин ва кормандони САҲШ дар мавриди ҳимояи ҳуқуқхои молу мулкии занон аз нигоҳи қонун ва шариат маълумот пайдо карданд ва масъулияти худро бори дигар эҳсос намуданд, ки ҳангоми барпокунии оилаҳои ҷавон ба онҳо низ ин маълумотҳоро расонанд. Албатта ҳамаи оилаҳоро дарбар гирифтан душвор аст, лекин ин оғози кор будаву қатрае ба дарёи кўмаку масъулият хоҳад буд.

Тақдири модари Меҳроҷ барои волидайн ва хешу ақрабо ташвишовар аст. Ҳоло дар зинда будани волидайн вай аз ғамхории додараш баҳравар аст, баъдан чӣ мешавад номаълум. Зеро қонунгузор низ истилоҳи «модари танҳо» надорад, ва чунин занону модаронро ҳеҷ кас ҳифз намекунад. Дар замони Шўравии собиқ чунин категорияи занон аз кор хориҷ (сокращение) намешуданд, як қатор имтиёзҳо доштанд ва давлат манфиати онҳоро ҳимоя мекарду барои зани дуюму сеюм ё чаҳорум шудан замина намегузошт. Шояд ҳамон таҷриба эҳё гардад, ақаллан аз нигоҳи иқтисодӣ занон амният пайдо мекунанд…

Агар бахор биёяд…

Агар бахор биёяд...

Агар бахор биёяд таронахо хоҳам хонд,

Tаронаҳои хуршед ошиќона хоҳам хонд.

Аввали рўзи баҳор ҳам фаро расид. Аз он бўи зиндагӣ , айёми шодӣ мерасад. Баҳорро дўст дорам ва ба андешаам нафаре нест, ки ба он дилбастагӣ надошта бошад. Аслан ҳама фаслҳои сол хубиҳои худро доранд, лек маҳз баҳор умед ба оянда медиҳад.  Субҳи баҳор ханда зад, рўи ту омадам ба ёд, мўъҷизаи хаёли ту баҳри дили маро кушод, дар гўшам такроран садо медиҳад. Маро ба сўи ҷавонӣ мебарад. Ҷавонии на чандон дур, гуё дирўзакак буд, мактабхон, сониян донишҷў будем. Афсўс,  ки дар ҷавони ишќ буду давлати дунё набуд, он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будаастро ба маънии томаш эҳсос намекардем.

Ин баҳор низ Ќасри Ҷавонон иди баҳорро бо суруду мусиќӣ пешвоз гирифт.Суруд аз боби баҳор, ишќу муҳаббат, бўсаву висол ва накҳати гулу булбул буд. Оѓози консерт аз сурудаҳои Малохат Абдушукурова ва интиҳо аз Исроил Фазлиддинов буд. Дар ин ҷода Ўктам Муъминов, ки тамошобин гум карда буд, рўи саҳна омад ва гуё аз баҳор тавлид ёфт. Носир Рахимов, Тулќин Тоҷибоев, Муҳиддин Ѓозиев, Каромат Ҳоҷиева ҳама мухлисони худро доштанд.Чанд нуктаҳое ҳастанд, ки мехостам дар ҳошияи консерт зикр намоям.

Аввалан : Ман аз ҷасорати зани солхўрдае илҳом гирифтам. Меандешидам, ки ман ҷасур ва аз муҳит вобастагӣ надорам. Ҷасорати ин занро дида андешидам на, чандон ҷасур нестам, зеро монанди ў ба саҳна баромада  гул таќдим намудаву раќсида наметавонам. Ҳарчанд раќсро дўст медорам. Офарин эй зани зиндадил, эй зани ҷасур, ки рўҳу калбат якест, Зиҳӣ,  ки мунофиќи надорӣ ва вуҷудат ба мисли баҳор зебост. Шояд дарде доре, лек раќси мавзунат он ҳамаро пинҳон сохтааст.

Сониян: хиҷил будам,  ки ба ҳофизон гули сохта таќдим мешуд. Хиҷил будам, ки маданияти гулсупорӣ иҷро намегашт. Яъне шахсе, ки ба саҳна мебаромад бо телпаку нимтанаи зимистона ё палто мебаромад. Намешуд, ки ҳамон либоси болоии худро кашад.  Чизи дигар гул таќдим куни аз рўи принсипи ёру ошно сурат мегирифт на мухлисиву хунарманди.

Ва охирон афсус, ки ба гайр аз Исроил  Фазлиддинов дигар ҳама ҳофизон бо фонограмма месароиданд. Дар ин радиф гули сохта воќеан подоши онҳо буд.

Хавф аз кучо ва аз чи дорем?

Зулайхо ва Азиз дар шахри Москва бо хамдигар шинос ва баъдан оила бунёд карданд. Туйи онхо барои баъзе мехмонон гайричашмдошт. Лутфулло хамсабаки Зулайхо гуфт, ки бори аввал аст,ки дар туйи христиани ширкат меварзад. Ахли нишаст аввал дуо хонданд, ба номи худо суруд хонданд ва баъдан дар минбаре ки аз гулхои тару тоза ороста шуда буд, пастыр арусу домодро дар назди шохидон пурсиду ба таври христиани «никох» кард.  Аксарияти мехмонон тахмин 70 фисадро собик мардуми мусалмон, ки тагири дину оин намудаанд, ташкил мекарданд.  Лутфулло бошад мегуфт, ба хотири дустиву рафокат ва хамкурси чи корхое намекуни, худо аз гунохи ман гузарад.

Зулайхо хатмкардаи яке аз донишгоххои Хучанд буда харчанд аълохон буд, дар соли охири тахсил ба мушкилоти молию рухи дучор омадааст. Уро намояндаи калисои Мария Магдалинаи Мукаддас  дастгири намуданд, кумаки рухи расониданд, дар холатхои душвори зиндагиаш мадад намуданд. Зулайхо чанд муддат дар Душанбе ва сониян ба Москва рафту дар он чо бахти худро аз точикони христиани пайдо кард.

Такдири Зулайхо ва Азиз оммави ва фочиабор нест, вале ин мушкилотест, ки дар оянда пайдо хохад шуд, -мегуяд имом хатиби  масчиди Нури исломи шахри Хучанд Ибодуллох Калонов. Зеро ахолии кишвари мо асосан мусалмон хастанд ва гузаштан ба дигар дину оин робитахои хешу табориро аз байн мебарад. Кабули чомеа ин нафаронро бисер душвор аст. Дар ислом ин нафаронро, ки аз мусалмони буридаву ба дигар дин гузаштаанд, статуси муртад ро мегиранд. Нисбати ин нафарон дини ислом чазо ба шакли огох кардан, танбех дода тавба кунондан ва агар саркаши кард ба мурдан махкум мекунад. Албатта конунхои демократии  кишвар ба ин конуншикани имконият намедихад, лекин ради маърака гаштани онхо, чаноза нахондан барояшон ва дар кабристони мусалмонон чой надодан мукаррар шудааст.  Харчанд  ба аксарияти онхое,  ки аз дин баргаштаанд дар шароити мо муллохо чаноза мехонанд, зеро 2 ва зиёда шохидон пайдо мешаванд, ки мегуянд, онхо тавба кардаву ба мусулмони гаравида фавтиданд.

Дар Хучанд кадом динхои гайриисломи фаъолият мебарад?

Имрузхо расман 7 калисо дар шахри Хучанд расман фаъолият мебарад. Инхо калисои Мария Магдалинаи Мукаддас, калисои «эхе » (Возрождение), калисои «Мухаббати худо» (Божья любовь), чомеаи христианхои евангилист-баптист, калисои Сонмин Сунбогым, чомеаи «Бахои», калисоли «Умед» (Надежда).  Чанде пеш 17 нафар намояндагони сектаи «Шохидони Иегов» (Свидетели Иеговы) дар шахри Хучанд барои конунишикани тибки моддаи 189 КЧЧТ боздошта шуда буданд. Пештар бо ин модда асосан намондагони Хизбут тахрир  боздошт шуда хукм мегирифтанд. Тибки маълумотхои расонахои хоричи дар такя ба макомоти прокуратура ин 17 нафар бо  таблиги бадбини нисбат ба дигар дину оин , чудоиандози аз руи миллату нажод  ва махал машгул будаанд.  То ин дам фаъолияти ин гурух бо фармони Вазорати фарханг аз октябри соли 2007 манъ шуда буд.  Аъзоёни ин секта  хонаи истикоматиро калисо, чои маъбад табдил дода буданд, ки тибки конун ин манъ аст.

Чомеаи мусулмони  аз фаъолияти ин сектахо тарс надорад.   Харчанд ба гуфтаи номзади илми таърих, дотсенти факултаи таърих Ином  Мадалиев ,  « сектахои христиани мавкеи дини исломро заиф карда наметавонанд, харчанд  онхо барои чалб намудани ахолии ба акидаи худ кор мекунанд».

Сабаб чист ки ахолии мусулмон аз дину оини худ  ба дину равияхои гуногун мегараванд?

Яке аз уламои дин собик директории мадрасаи Хучанд Калонзода мегуяд:

Пеш аз хама сабаби гаравишро ман дар он мебинем, ки мо дар замони 70 соли шурави аз дину оини худ дурр гаштем ва кадрхои сохаи динро тарбия намудем. Дар чомеаи мо ин фазои холи аз чониби конфессияхои гуногуни исломи ва гайриисломи пур гардид.  Сониян конфессияхои гайриисломи тачрибаи бойи ташвикотбари доранд. Онхо бисер сарсупурда ва фидои хастанд. Хама корашон гуё ройгон аст,  оддитарин мисол аз Холанд китоби   «Инчил»( Библия)  кариб ба маблаги  100 доллари амрико расида меояд, вале он ройгон таксим карда мешавад. Дар арафаи иду айем калисову конфессияхои гуногун  тухфаву хайрияхои зиёд доранд ва дар чузьитарин  маводашон нишонахои таблиг аст, агар хатто калам диханд дар он нишонаи салиб аст.  Дигар сабаб дар он аст, ки сатхи зиндагии ахолии мо паст аст ва муед ба хайроту садакаи ин миссионерхо хастем, ки дар шакли компутеру яхдон, тачхизоти тиббию дигар маводи озука ба мо мерасад. Аслан гиред дар зери он хам таблигу ташвик нихон аст. Адабиёти онхо бисер рангаву диккатчалбкунанда нашр м ешавад. Мо адабиёти таълимии оммафахм омода накардаем.  Хатто то андозае ки миссионерхо адабиёти исломии гайриимазхаби моро таксим карда медиханд. Баъдан холиигии рухи, чохил будани омма ба ин мисол шуда метавонад, ки боиси гаравидан ба дигар дину оин мешавад.

Як нафар точики гайримусалмон , ки нахост номашро зикр кунем  ва худ ба ташвику таргиби христиани машгул аст, мегуяд, ки ман то сафар ба Русия    дар бораи ислом чизе намедонистам. Дар Русия дар мухочирати мехнати ин дину оинро кабул кардам. Ахли оила ба чузъ як писарам хама пайрави манн хастанд, писарам ки 23 сола аст, акидаи моро напазируфт. Ман тавассути  дини христиани исломро омухта истодааст, вагарна мусалмонии манн таклидкорона, урфави буд мусалмон тавлид шудам бинобарин мусулмон мегуфтам, холо манн шахси имондор ба худо ва пайгамбари у Исои масех.

Мадина, ки корманди ташкилоти чамъиятии шахри Хучанд аст, мегуяд ман аз зиёд шудани исломгарои ва равияхои гуногуни исломи тарс дорам. Намехостам, ки духтарам сатри аврат гирифта зани дуюм ё сеюму чорум гардад.   Азбаски ин тоифа дар чомеаи муосир зиёд шуда истодаанд, шояд дар мавриди сафар ба хоричи кишвар чиддан биандешем, суханашро идома дод Мадина.

Дар Точикистон имруз  тахмин 3,5 хазор масчиди чомеаи намози 5 вактта амал мекунад.  Расман хамаи масчидхо мустакил хастанд, яъне ба ягон идораи маъмури итоат намекунанд, плани кори , барномаи рушд ва хифзи динро насохтаем, мегуяд, имом хатиби Нури Исломи шахри Хучанд  Ибодуллох  Калонов.

Дар шароити чахонишави, ки дархои  чомеа боз аст, вориди иттилоъ  назорат кардан душвор, зеро интернету мохвора фаъол хастанд  мо бояд дину мазхабамонро хифз намоем мегуяд,  Фируза як нафар донишчуи мадрасаи  исломии Точикистон . Барои ин омода ва босавод кардани  чомеа аз лихози исломи зарур аст, на муковиматгузори бо дигар дину оин.

Агар хар як мусулмон донад, ки ислом дини тахаммулпазир аст, дар давлатхои исломи калисохои православии амал мекунанд, байнашон хешутабори вучуд дорад, келин мекунанд аз ахли китоб , хамаи пайгамбарони тоисломи дар ислом эътироф шудаанд, шояд ба динхои дигар нараванд.  Ва равияхои исломии радикали мардумро бояд аз ислом дурр насозад, мегуяд дар хотима  Ибодуллох Калонзода.      Проблемахои дохили ба монанди никоху талок, меросу закот  халлшаванда аст, лекин проблемахои глобали  вучуд доранд, ки дар халли онхо мо бояд стратегия дошта бошем, асосу такягохи мо дар ин самт эълони соли Имоми Аъзам ва садокат ба мазхаби ханафи ташкил медихад, фикрашро идома дод И. Калонзода.

Секта аз калимаи лотини гирифта шуда маънояш мактаб, таълимот аст, ва яке аз шаклхои иттиходияхои дини мебошад.  Маъмулан секта хамчун чараёни оппозитсиони  ба ин ё он чараен ташкил мешавад. Ба секта эътироз ва нотакрор будани идеяву гояи худ хос аст. Бинобарин аъзоёни секта ба «масъалаи маънави» бештар диккат медиханд кодекси рафтори кабулшударо хатми ичро мекунанд.

Азиз ва Зулайхо дар назди чомеаи мусалмон низ баъди мухочирати мехнати туйи хонадоршави гузарониданд. Дар байнашон мухаббату эхтиром эхсос мешуд.  Бокимондаро сарнавишт медонад.

Известный австрийский  писатель  Стефан  Цвейг,  повествуя  о  рождении

религиозно-мистического учения «Христианская  наука»,  справедливо  отмечал,

что  «никогда  никакая  религия  не  должна  казаться  верующим  придуманной

отдельным разумом человеческим; ей во всех случаях  подобает  быть  сошедшей

свыше, из миров невидимых, быть «явленной»;  в  интересах  веры  она  должна

утверждать, что избранный  общиной  есть  на  самом  деле  избранник  самого

Господа Бога» (Собр. соч., т. XI. Л..- 1932, с.2О).

Ормонҳои барбод рафта…

Аз ватан бегона гаштам….

Аз ватан бегона гаштам….

Хушрўз ҷавони нокоми 21 сола буд. Ў ҳамаги 4 моҳ пеш ба Русия омада буд. Бо таклифи бародараш аз Далён роҳ сўи Москав пеш гирифт. Умед дошт андак пул кор мекунад ва ба ватан баргашта оила бунёд месозад. Умеду ормонҳояшро мутаассифона бо худ ба абадият мебарад.

Аввалҳои моҳи феврал Хушрўз аз дарди сар шикоят кард. Дар ҷои кор 2 рўз истироҳат доданд. Баъди 2 рўз ба кор шурўъ кард,  ў ронандаи мошини барфтозакуни шуда кор мекард. Наздикиҳои нисфирўзи ўро назди чорчархаи мошин диданд, ки сарашро маҳкам дошта менишаст. Ба наздаш омаданду диданд, ки аз ҳуш рафт ва аз даҳонаш хун фавора мезанад. Ба тези мошини ёрии таъҷилиро даъват карданд ва ўро ба беморхона бурданд. Ўро ҷарроҳи карданд, ки раги хунгузари аорта канда шуда будааст. Тахмин 1 моҳ дар беморхона буд. Духтурон хуб муносибат доштанд. Барои дорувори аввалҳо пул мегирифтанд, зеро ў суғурта надошт. Баъдан духтури муолиҷакунанда гуфт, ҳар чизе аз дастамон ояд мекунем, лекин аҳволи касал вазнин аст. Шонасим, ки аз хешовандони Хушрўз буд, мегўяд, ки пул мондам духтур баргардонд ва гуфт, ки инсоф даркор, ман пул намегирам.

Тахмин 80 нафар муҳоҷирони меҳнати аз гирду атрофии Москав ва вилояти он бо шунидани хабари марги Хушрўз ҷамъ омаданд.Фаври пул ҷамъ  карданд ва ҳуҷҷатҳоро таъмин карда ўро барои гуселонидан ба ватан омодаги гирифтанд. Лекин бародари Хушрўз хуни ҷигар мехўрад ва пушаймон аст, ки ўро барои кор даъват кардааст. Акнун назди падару модар чи ҷавоб медиҳам. Хушрўзи ҷавонмарг дар ватан автомеханик шуда кор мекард, вале роҳ сўи муҳоҷират пеша кард.

Фоҷиаи Хушрўз фоҷиаи як оила, вале шумораи чунин оилаҳо дар Тоҷикистон кам нест. Барои волидайн мусибат аз он лиҳоз бузургтар аст, ки лаҳзаҳои вопасини фарзанд ҳамрохаш набуданд ва ҳазор шакку шубҳа онҳоро дунболагир асту сабаби марги фарзандро меҷўянд. Шояд бо мурури ваќт ба хатти таќдир муросо мекунанд, лек ҳасрат ҳамеша мемонад.

Аз ватан бегона гаштам….

Таќдири Наргис Назарова тоҷикдухтари муќими Москав дигаргуна аст. Наргис дар оила фарзанди дуюм, онҳо 4 нафар духтар ҳастанд. Наргис дар кафеи «Орхидея» пешхизмат шуда кор мекунад. Аз маош ва кори худ ќаноатманд аст. Аз ў мепурсам, ёди ватан мекуни, мегўяд не, одат кардам дар шаҳри калон зиндаги бароям писан даст. Танҳо аз он хиҷил ҳастам, ки волидайнам пешам нестанд. Орзу дорам дар ҷашни 55 солагии падар пуцл фиристаму он касс ин ҷо биёянду барояшон шароит муҳайё созам, шояд дамгири ба хориҷа фиристем. Мо писар надорем, апаи калони дар москав бо фарзандонашон зиндаги доранд, хохари миёна ва хурди дар Иркутск ҳамин хел пароканда гаштем. Лекин пул фиристода меистем, хона хариданд.шояд ягон ваќт кадоме аз мо бо волидайн зиндаги кунем. Ҳоло ки ҷавонем бояд кор кард.Мепурсам кай бармегарди мегўяд , падарам аз бемори ба нафаќа баромаданду пули нафаќаро надода бар ивазаш саҳмия доданд. Барои он кас дилам сўхт, онро интизор буданд.Агар мо духтарон набошем аҳволи волидайнам чи мешавад. Мо 13 нафар дар хонаи сеҳуҷраги иҷора мешинем ва 60 ҳазор медиҳем. Бо вуҷуди душвориҳо ба ин ватан одат кардам

Сарнавишти муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистони гуногун аст, гоҳе хурсанду гоҳе ғамгин, рўзе кордору чанд рўзи дигар бекор, дар ҳуҷраҳои тангу беранг умр ба сар мебаранд.

Дар ғариби ҳам мо маҳалгаро ҳастем

Сўҳбате доштам бо Фозилҷон Ҳоҷиматов- сарвари ҷамъияти тоҷикони Сыктывкар.

Фозилҷон Ҳоҷиматов 8 сол аст, ки истикоматкунандаи РА Коми мебошад. Бо ҳамсару се фарзандон ин ҷо зиндаги дорад. Ў бо ширкати ирони кор мекунад ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони  Сыктывкар мебошад.

Мухбир:-Фозилҷон дар Сывтывкар шумораи тоҷикон зиёд аст?.

Фозилҷон — на чандон, тахмин 50 оила ҳастем, якдигарро мешиносем ва рафтуо дорем.Сыктывкар ҷои хунук аст, шояд на ҳама донад, ки дар куҷост, вале Воркута гўем тез ба хотир мерасад.

Мухбир- Ҷамъияти тоҷикон чи корҳоро анҷом медиҳад?

Фозилҷон – Ба наздики ҷавонзане аз шаҳри Конибодом фавтид. Манн ба сафоратхонаи Тоҷикистон муроҷиат кардам ва майитро мувофиќи барномаи президенти ба кишвар гуселонидем. Кўдакони хурдсолашро хона овардам ва то пайдо шудани хоҳари майит дар хона нигоҳубин кардем. Асосан кўмаки мо дар ин самт аст. Чизи дигар дар рўзномаи маҳаллии мо хабаре чоп шуд, ки 3 нафар тоҷикбачаҳо бо ҷурми ќочоќи нашъа боздошт шудаанд. Таъкиди миллати гумонбаршудагон таҳќиркунанда буд. Ба воситаи рафиќам аз ҷамъияти озарбойҷониҳо муаллифро пайдо карда эътироз баён кардем. Гапамон гузашт дар шумораи навбати бахшиш пурсиданд ва навиштанд, ки ҷинояткор аслан миллат надорад. Ана ҳамин гуна корҳоро анҷом медиҳем. Ман утоќи кори надорам, дафтари кори худро дар ин кори хайр истифода мебарам, корафтодагон ба онҷо муроҷиат мекунанд. Муҳимаш мо гурўхбози намекунем.

Мухбир- пешрафту эътирофшавии ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзиро дар ҷи мебинед?

Фозилҷон- пеш аз ҳама масъалаи иќтисодист, пулдора гапаш ҳама ҷоба мегузарад. Масалан ҷамъияти озарбойҷониҳо дар вазорати фарҳанги РА Коми дафтари кори дошта номнавис гаштаанд, пуриќтидоранд. Сониян Озарбойҷониҳо дар соҳаи савдо фаолият доранду якдигарро дастгири мекунанд, аъзоҳаќи месупоранд. Мардуми мо кўчарўбу сохтмончи аст, аз куҷои онҳо пул ҷамъ мекуни, баъзан бачаҳои тоҷик субҳ ношто кунанд, бегоҳи танҳо ғизо мехўранд.Барои худ ҷойҳои истиќоматии арзонро интихоб мекунанд, дар ҳолатҳои ғайрисанитари нафарони зиёд зиндаги мекунанд. Мардуми дигар баъдан аз куҷо онҳоро эҳтиром бикунад. Масъалаи дигар маҳалгароии мо дунболагири мо дар ғарибист. Ба ҳамдигар аз рўи маҳал муносибат мекунем.

Мухбир- бигўед, ки оё саҳмияхои НБО-и Роғунро харидори мекунед ва чи андеша доред?

Фозилҷон- ба як чиз эътиќод дорам, НБО-и Роғун бояд сохта шавад, кайҳо бояд оғоз мешуд. Ин душвории мардуми тоҷик мегузарад. Лекин ба дивиденти он бовар надорам, Шояд ин кўмаки мардум барои ояндаи худ аст, ки дар рўшнои зиндаги кунад. Мухимаш бояд иҷбори нашавад, нафароне ҳастанд, ки иќтидор доранд, вале дар баробари он нафароне ҳастанд, ки танҳо бо маош зиндаги доранд ва онро интизоранд. Барои онҳо маҷбуран фурўхтани саҳмияҳо зулм аст. Чизи дигаре, ки маро дар ташвиш овардааст, муносибат бо ҷумҳурии ҳамсоя аст. мо бояд муросо карда, роҳҳои дипломатирпо истифода намуда  НБО Роғунро сохта гирем. Шояд дипломатияи хуҷандиён кўмак кунад… лекин НБО-и  Роғун ҳатман бояд сохта шавад.

Аз хаёти мухочирони точик.Лахзахои гуворои пуралам….

Аскарро  чанде пеш ба Москав даъват карданд  ва барояш кор хам ёфтанд. Ў бояд дар кўча барфтоза кунад. Хаво сард, хама чо сап-сафед. Аскар кўча тоза мекунад. Назди хонахои бисёрошно аз як тараф мошинхо гузошта шудааст. Мехохад кўмак кунад ва бо бели барфтозакуни барфи болои мошинро ба замин мепартояд. Дар натича «капоти мошин» харошида шуда Аскар бошад 40 хазор рубл ба сохиби мошин ќарздор мегардад.

Музофоти Русия

Барои аксарият чои кор нест ва бисёри корхонахо кор намекунанд. Шояд аз ин сабаб чавонон ба шахр мекўчанд ва аксарияти ахоли менўшанд. Клавдия Владимировна мегўяд: ман ба точикон ќоил хастам. Онхо танбалиро намедонанд, тез хама хунархоро аз худ мекунанд.Шавкатро гирем, муаллими таърих бошад хам имрўз сохтмончи, корчаллон аст. Камолиддин ваќте ба ин чо омад шояд 10 калима медонист ба забони руси, хозир ба забони руси бемалол харф мезанад, бозор ба ў забон омўхт. Шояд офтобу замин ба точикон ќувват мебахшанд, ки онхо тавоно, мехнатдўст ва корчаллонанд. Бисёр мардхояшон ин чо зан гирифтаанд, харчанд дар ваташон зан доранд ва барои ду   оила кор мекунанд. Аксарият мардхои рус бошад, як оиларо таъмин карда наметавонанд.

«Мо потенсиали эчодиро барои ояндаи кинои точик нигох доштем…»

Дар «Хонаи Миллатхо» -и шахри Маскав суруди Хасан Хайдар Душанбе садо медод ва ин оханги марѓуб даъватнома ба толор буд.  Дар ин чо на танхо точикони муќими Москва,  балки намояндагони дигар миллатхоро низ вохўрдан мумкин буд. Сабаби нишасти имрўза бошад шаби эчодии кинорежиссёр Валерий Ахадов аст. Дўстдорони  санъати кино, эчодкорон чамъ омада буданд.

Валерий Ахадов бо оилаи худ дар Москав зиндаги ва кор мекунад. У студияи эчодии худро дорад, ки шогирдонаш махсули кори худро дар шаби эчодии устод муаррифи намуданд. Аз чумла филми бадеии Валерий Ахадов «Парниковый эффект» пекаши тамошобинон гардид.

Кинорежиссери чавон Тахмина Ахадова филми худро бо номи «Талоќ» пешниход намуд. Мусиќиро ба филми мазкур ва сенарияи онро Заррина Миршакар пешниход намудааст. Сужаи филм дар назари аввал барои онхое, ки аз таълимоти дини ислом бехабаранд, диќкатчалбкунанда ва хайратовар аст. Ќахрамони филм дар Русия зиндаги дорад ва хамсараш Зарринаро аз Точикистон даъват менамояд. Заррина асли воќеаро нафахмида чанчол мебардорад, ки дар натича шавхарашро ўро «се талоќ» мегўяд ва аз таълимоти илми фиќх рохи ошти танхо дигар оила бунёд кардани чавонон аст. Умед аз дўсти худ хохиш менамояд, ки бо Заррина никох банданд ва баъди 10 рўз ў омада занашро мебарад. Дар натича ў 10 рўз неву 6 мох гумм мешавад, ки оилаи нав ба хам унс мегиранд, дўст дошта чудо шудани нестанд. Умед Зарринаро чустучў дорад, пайдо карда ба хонааш даъват менамояд, вале Заррина пинхон мешавад. Умед бошад, бо лахни точики бахшиш м епурсад ва ба бечавобии Заррина нигариста ба ду чўрааш занг мезанад. Онхоро ба воситаи телефон шохид намуда хамсараш Зарринаро 9 маротиба талоќ мегўяд ва хулоса мебарорад: акнун якчо шудани мо дар хеч холат номумкин аст. баъди ин суханхо баромада меравад.  Барои ман шунидани 9 бор калимаи талоќ ва хулосаи Умед ќахрамони филм ногахони ва нодуруст намуд. Зеро дар ягон адабиёт чунин тарзи вайроншавии оиларо нахонда будам. Дар назари дигарон эхсоси осон будани вайрон шудани оилаи анъанави намоён гашт. Режиссёри чавон ба масъалаи доѓи рўз ахамият додаст, вале пояхои назарияи фиќхи чуќур  наомухтааст. Бисер сатхи муносибат кардааст.

Барои ман дар ин шаби эчоди суханони самими Валерий Ахадов хотирмон буд. Ў аз чумла гуфт: Санъати кино дар собиќ Шўрави лахзахои душворро паси сар кард, вазъият дар хама чо душвор буд. Чанд сол пештар дар Мосфилм аксарият точикистониён кор мекарданд ва дар корхои хуб аз рўи ихтисоси худ чалб шуда буданд. Бигзор дар Точикистон филмхои хуб дар ин муддат ба навор гирифта нашуданд, вале мо потенсиали эчодии киноматографияи точикро нигох доштем. Онхо замоне мешавад, ки ба ватан бармегарданд ва бо диди нав, тачрибаи нав ба эчод оѓоз менамоянд.

Худро дўст доред…


Манзура Каримова 10 сол аст, ки бо оилаи худ дар Москва зиндаги дорад. Шавхараш мутахассиси сохаи компутер ва сохибкор аст. Духтаронаш Ганчина донишчўи ихтисоси молия, Хусния бошад толибаи синфи 11 мактаби миёна, Искандари хурдсол боѓча меравад. Оилаи бисёр тифоќ ва мехрубон аст. Барои ман бошад аз хама мухим чахони ботинии ин зан аст.


Манзура хаёти худро пеши назар оварда мегўяд: «зиндаги якранг нест. Гохе хамвору гохе пурпечутоб буд ва хаст.Лек як чизро аниќ мегўям, ки моро нодуруст тарбия мекунанд.Дар зиндагиямон мо барои худ зиндаги надорем. Аввал барои оилаи худ, обрўи волидайн масъулият дорем, сониян барои шавхар ва оилаи ў, ва охирон барои фарзандон зиндаги мекунем . Ваќте менигарем, аллакай пиру нотавону пурармон меравем.» Манзура чун аксарият занони точик ваќте ба магазин мерафт аввал барои фарзандон анчом мехарид, харчанд чандон зарурат надоштанд, барои худ чизеро маъќул ёфт нархашро нигох мекард ва бештар ќимат бошад аз хохиши худ гузашт мекард. Хохиш кардан, талаботи зиёд доштанро дар зиндаги барои зан айб мешуморид.
Чунин тарзи зиндаги анъанави аст. Модаркалони ман чунин зиндаги дорад. Ў ба хотири як фарзанд дар 21 солаги бева монду дигар шавхар накард. Холаи Латофат ба хотири фарзандон хама хиёнатхои шавхарро мебахшид ва хангоми беморияш борхо такрор мекард, ки кани вай дугонахоятон, биёяд, кўмакатон кунад, ки он оханги ќасосгири ва аламбарори буд. Хазорон занони дигар чунин зиндаги доранд ва ин анъана аз нигохи чомеа «хуб арзёби мешавад ва хар чизе, ки ба он андак халал мерасонад, бегона ва бад шуморида шуда атрофии он хангома мехезад.» Намедонам, аслан кадоме хаќанд: онхое, ки тарафдори чунин анъанахо ё онхое , ки ислохотпазиранд.
Манзура бошад мегўяд: «бори аввал медонед ман кай комплимент шунидам. Он ваќт дар идораи хизмати коммунали дар Москав кор мекардам. Маълумоти оли дорам, факултаи филологиро хатм карда бошам хам барои хона кўчарўби мекардам. Чанде пеш ба ширкати «Орифлейм» пайвастаги пайдо карда будам ва аз махсулоти ширкат истифода мекардам. Хамрохи Ганчина ба магазин рафтем ва дар ман либоси кори буд. Новобаста аз ин чанд нафар ба чехраи ман нигариста хушсухани карданд. Шояд ин аввалин комплимент буд, барои он ки ман ба худ ахамият додам. Хозир бошад ман пурра дистрибютери ширкати «Орифлейм» хастам. Ба худ эътимод пайдо кардам. Фикр мекунам дигар шудам, худро зебо, чавон ва устувор эхсос мекунам.»
Таѓийр ёфтани Манзура эхсоси дохилист, зеро ман мехмони ў будам. Хамон мехмоннавозии точикона, хамон мехрубонии мода рва хамсар ба оилаи худро дар рафтори Манзура мушохида намудам. Танхо як чиз зебанда буд. Манзура ќадру ќимати худро медонад, хаќу хуќуќи худро медонад, ба ќадри неъмати зиндаги бо номи хаёт расидааст.
Манзура дар ширкат кор карда ба бучаи оила ба ќадри имкон таъсир мерасонад. Ў суханони модарашро ба хотир меорад, ки шодравон мегуфтаанд: «маоши шавхар хамир бошад, маоши хамсар хамиртуруш, бе хамиртуруш хамир намерасад».
Манзура аз хаёти худ натича бардошта мегўяд, хохарони азиз худро дўст доред, то дигарон шуморо дўст доранд. Хаёт даргузар аст ва пушаймони суд надорад. Ба ќадри зиндаги имрўз бояд расид.

Талок, никох ва пахлухои он

    Омор чизи хуб аст. Бехуда дар замони Шурави он манъ нашуда буд ва яке аз идеологхои Шурави Суслов онро фанни буржуази ва «бад»номида буд.

Омори имруза муносибат ба институти  оила ва арзишхои умумиинсонии замони муосирро муайян месозад. Чунончи:

Соли гузашта  шумораи талоқҳои ҳуҷҷатишуда дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазору 760 ададро ташкил дод, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  95 адад зиёд аст. Дар барорбари он шумораи никох хам кам шудааст. Ба иттилои манбаъ, шумораи никоҳҳои бақайдгирифташуда бошад, дар ин муддат 27,3 ҳазор ҳолатро ташкил кард, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта  2,5 % ё ба 691 адад кам мебошад.

 

 Солхои 80 ум вакте духтари амакам ба шавхар баромада буд ба у икрор карда буданд: аз хонаи шавхарат мурдаат набарояд, зинда баргаштанро фаромуш кун. Хакикатан хам духтарамакам тамоми умрашро бо шавхари бемор гузаронида, сохиби 3 фарзанд гаштанд. Холо вайроншавии оилахоро дида мегуяд зистан осон шудааст ё ман хеч чизро намефахмам. Мо ба хамааш токат мекардем. Сабру токкат. Ин мафхумест , ки дар нормахои ахлоку дин пайваста талкин карда мешавад. Сахифахои адабиетро ба ин мафхум  бисер вомехуред. «Аз хамаи меваи ширин сабр аст», «сабр кунед аз гурра халво мепазад», «санги вазнинро об намебарад» ва хоказо.

Пас имруз ба чомеа чи шудааст,  ки ин мафхумхо кор намекунанд. Ё институтхои таъсиррасонии чомеа ба монанди хешовандон, махалла, обруи оила заиф гаштааст. Ё вокеан занон ба кадри худ мерасидаги шуданд ва худро инсон эхсос намуданд. Ба стандарти « курбокка шу дорад, обру дорад» эътироз пайдо карданд.   Ё шояд шароити ичтимоии рузгор  боиси нофахмиву чанчолхо мешавад, ки окибаташ талок аст. Шояд хамаи ин сабабхо вучуд дошта бошад. Шояд, зеро оила дар химояи давлат аст (моддаи 33 Конститутсия),   вале вакте оила нопурра аст, аллакай  душворихояш ба зиммаи аъзоёни он танхо гузошта мешавад.  Ин самтхо тадкикоти хоса мехоханд.

 Арзишхои умуиинсони имруз коста гаштааст. Мехру мухаббат, эхсоси ишк, вафою садокат харидаву фурухта мешавад. Аз ин чост, ки шумораи талок афзуда аст. Наргис аз шавхараш чудо шуд. Зеро у  фахмид, ки шавхараш ба болояш зан гирифтаву фарзанддор шудаанд. Наргис ба хиёнат токкат карда натавонист, ваъдахои мухаббату садокат пуч баромаданд. Наргис мегуяд : «дар хона мондан бароям лахза лахза мурдан буд, ба худ нафрат пайдо кардам. Гуфтам бигзор як бор мемурам, вале меравам, бигзор душвор бошад, гапи мардум, душвории рузгор, богчадави, коррави ва хоказои дигар. Мухимаш вичдон маро сафед мекунад. Манн гунохе надоштам, ки сабаби хиёнат шуда бошам». Ин интихоби Наргис аст.

Мастона ва Акбар фарзандашонро бисер дуст медоранд, вале ба модари Акбар келин маъкул нест. Бо азоб писар калон кардаму чунин рафтори келин ба ман дуруст нест. Писарамро дигар зани духтар медихам. Чи бисер духтарони бешу мегуяд у ба келину писараш. Акбар ку духтар мегирад, вале мастона ва писарашро чи интизор аст?

Шавхари Мархабо чанд со ласт, ки дар Русия аст . Гох –гох ба хушдоманаш пул фиристода меистад. Он чо у низ зану фарзанд дорад. Мархабо барои хизмати модараш аст. Гуё у «гап шудаву  писараш  шунидааст ва ба воситаи смсу телефон талок кардааст».  Чомеа бошад Мархаборо сарзаниш дорад. Чаро шавхарашро не? Инро намефахмам. У мард аст. Мархабо за наст, ва чизе ки барои шавхараш зарур буд барои у низ, чаро талаботи Мархабо боиси бадномиашу талаботи шавхараш бошад боиси рахмдиливу  таассуф аст.  Масъулияти марду шавхар кучост.  Вакте аз паси зани гайр меравед, дар хонавода хайр намемонад, вакте дуруг мегуяд,  ризк кам мешавад, чаро паи талаботи лахзаинаи худ хаёти занонро мешиканед, мехохам пурсам аз мардон? Анъана дорем ки мардонро мебахшему занонро сарзаниш. Шояд вакти масъулиятшиносии мардону  дастгирии занон расида бошад. На хама зан хиёнатро мебахшад, на хама зан токат дорад. Мард бошад масъулият назди фарзанд, назди зан дорад, зан дигар чиз ё моликияти хусуси нест, зан  Инсон аст.

 Сарлашкари номдор Наполеон гуфта буд: «Чомеае,  ки ба кадри зан намерасад, оянда надорад» ё агар занони чомеа бадахлоканд, пас ин гунохи мардони хамон чомеа аст. Шояд шумо дигар фикр доред?

Хар халк сазовори хокимони худ аст, зеро ояндаашро худ интихоб мекунад…

Султания ба комиссияи марказии интихобот дар шахри Симферополь занг зад ва шикояташро иброз намуд. Чаро ман 5 сол боз сохибмулк хастам, дар кайд меистам, вале ба ман даъватнома ба интихобот нафиристоданд. У мегуяд ман аз хукуки интихоботии худ истифода кардам дар хама чо эълон (рекламаи беруна)нисбати фалсификация бо раками телефонхо истодааст. Санчидани шудам ва баъдан ман рафта овоз додам.


Шахрвандони Украина хеле фаъол хастанд . хар яке ба интихобот бо раъйи худ меояд ва касеро мачбуркуни рохнишондихиро ман дар яке аз хавзахои интихоботи мушохида накардам. Хар боре ки аз шахрвандони Симферополь мепурсидам, ки ба шумо мегуянд , ки кадом номзад бехтар. Анжела, модари у ва чанд каси дигар гуфтанд: ба ин зарурат нест, мо интихоби худро кардаем, мешунавем, мехонем ва казоват карда метавонем. Маъракаи хуби ташвикоти вучуд дорад. масалан модари анжела мегуяд ман ба Юлия тимошенко овоз додани хастам. Анжела тарафдори В.Янукович хаст.Давлят додари у мегуяд Тгипко аз нигохи ман бехтар аст. Лек дар байнашон якдигарфахми вучуд дорад ва хар яке ба хавзаи интихоботи рафта раъй дода омаданд.
Дар хавзаи интихоботи , ки дар зали бинои заводи таъмири холодильникхо дар ошенаи дуюм чойгир шудааст мушохидачиен нишаставу хар яке бо паспорти худ меояд, дар ру баруи фамилияи худ имзо карда бюллетень мегирад ва вориди кабина мегардад, сипас дар 3 куттии шаффоф ки дар мобайн гузошта шудааст бюллетени худро мепартояд. Мухимаш кабина ба тирезаи берун такя мекунад ва паси он ягон нафари «маслихатчи ё кумакрасон» истода наметавонад.Бо вучуди он харруз мониторинги гурухи химоятгарони хукуки дарч мешавад ва пахн карда мешавад. Чунончи ба монанди ин :
МОНИТОРИНГ ВЫБОРОВ ПО ГОРОДУ СЕВАСТОПОЛЬ НА 15 ЧАСОВ 17 января 2010 г.

В ходе мониторинга 17 избирательных участков в Севастополе
представителями Региональной Правозащитной Группы << ПОЛУОСТРОВ КРЫМ>>
серьезных нарушений не выявлено. Отсутствие серьезных нарушений
обусловлено мизерным количеством лиц, подавших заявления о голосовании
на дому и тех, чьи фамилии отсутствуют в избирательных списках. В
среднем на каждом избирательном участке подано примерно 7-15 заявлений
о голосовании на дому. Ко всем этим гражданам выезжали члены
избиркомов. Примерно 15-20 человек на каждом участке не нашли себя в
списках. К сожалению избирательные комиссии пошли на поводу у
фальсификаторов от БЮТ и направили людей в суды, которые , надо отдать
должное мгновенно выносили решения о включении граждан в списки для
голосования.
Серьезное происшествие произошло на избирательном участке No. 70 224
избирательного округа. Как выяснилось, участок охраняют представители
частной охранной фирмы ВЫМПЕЛ-КРЫМ, которые признались, что получают
деньги за свою работу и подменяют милицию. Журналисты , которые
пытались побеседовать с частными охранниками подверглись фактически
нападению со стороны тут же подбежавшего сержанта милиции и члена УИК
от БЮТ, которые воспрепятствовали в законной деятельности журналистов.
По данным фактам подана жалоба в избирком и в СБУ, чья опергруппа уже
работает на месте и выясняет обстоятельства дела, включая источники
финансирования частных охранников, задействованных в охране
общественного порядка вместо милиции. В дальнейшем в СБУ будут
переданы аудио записи с места события.
Информация по АР Крым будет передана в ближайшее время.
Напоминаем, что 28 мобильных групп проекта << Региональная
Правозащитная Группа << ПОЛУОСТРОВ КРЫМ>> работает в день выборов в
Крыму и Севастополе.

Пресс-группа проекта << Региональная Правозащитная Группа << ПОЛУОСТРОВ КРЫМ>>
Соати 22.30 дакика аллакай номзадхо ба мансаби президенти пресс-конференция доданд, ки тарики телевизион пахн гардид. .
Ман ба шахрвандони мавкеи ичтимои фаъол доштаи ин кишвар бо таваччух менигаристам ва орзуи онро дорам ки мардуми Точикистон низ бошуурона , фаъолона ба маъракаи мухими чамъияти муносибат дошта бошанд.
шахри Симферополь, Крим

Модарро хабаргири ба ватан оед….

  Холаи Латофат барои дидорбинии  писаронаш  Шомурод  ва Шорахмон  ба сафар баромад. У онхоро се сол мешавад, ки надидааст. Олами ачоиб дорад холаи Латофат. Ба руяш менигарам ва андешахои гуногун маро ба дунеи у мекашад. Боз бори дигар ба бузургии  мехри модар эътимод мекунам.

            Холаи Латофат Шорахматова дар дехаи Далёни нохияи Гончи ба дунё омадаву  сохиби оила ва 11 фарзанд гаштааст. 11 фарзандро паррончак намуда акнун давлати пири меронад. Писаронаш Шомурод ва Шорахмон дар шахри Симферополи Украина кору зиндаги мекунанд. Шорахмон  Шорахматов подполковники милиса, Шомурод Шорахматов бошад   майори хидмати бехатарии умури корхои дохилист. Шомухамад дар Москав, Холмурод дар шахри Чкаловск мудири шуъбаи касалии дил шуда кор мекунад. Шонаим бошад дар чанги шахрвандии Точикистон хамчун афсари вазорати мудофиа беному нишон шудааст. Духтарон ва пи сарони дигар низ сохиби оила, чои кор буда дар наздаш хастанд е дури дураш дар маркази вилоят зиндаги доранд. Азбаски ин се писар дар кишвари дуранд, онхоро бисёр ёд мекунад . Лек у дар бораи хар як фарзанд бо мехру мухаббат гап мезанад. Дили хар якеро меёбад.

            Лахзаи дидор наздик мешуд  ва у торафт бетокаттар. Дар рох садхо бор мепурсид кай мерасем, кай мебинам. Инак  писари хурди Шомурод низ тамоми шаб ба модар занг зада баромад ва уро вохурд. Лахзаи пурэхсос ва хотирмон. Холаи Латофат  писарашро дида аз писари миёна Шорахмон пурсон шуд. То омадани у нихоят бетокат буд, тамоми шаб хоб накард, ки аз рохи дур омадаву писарашро то хануз надидааст.  У изтиробашро ба ман мегуфт, чаро у намеояд, у кучо бошад. Ман ба изтироби у менигаристаму мехри модарро дар калбаш,  ки туген дорад хис мекардам.   Субхидам у мегуфт, такдири фарзандон чи гуна аст кас намедонад, ман аз руи мехр хамаро калон кардам. Гохе мешуд,  ки онхо хама писархо ба мактаб равон мешуданд ва ман аз пасашон нигарон мемондам. Шорахмон аввал факултаи санъатро хонду баъдан факултаи хукукшиносиро дар Москав, замони Шурави ин чо кор фиристоданд ва ин чо монд. Ба духтараки рус  хонадор шуд ва ман интихоби уро пазируфтам ва падарашонро ризо кардам. Холо дилам мехохад, ки фарзандонам пешам бошанд.  Бо вучуди он ки онхо хама сохибкасб ва сохибунвон шудаанд барои ман фарзандони кучак, ки ба дидорашон сер намегардам, наберахоямро дидан мехохам. Холаи Латофат бо писараш бо телефон сухбат карду дилаш андак карор гирифт. У тинч аст ва рузи якшанбе меояд.  Шомурод низ факултаи хукукшиносиро хатм намудаву кор мекунад. Боз дар академияи назди президент тахсил мекунад.

             Дар симои холаи Латофат ман такдири аксарият занони точикро мешиносам. У сари як миз бо мардхо намешинад ва хайрон аст, ки чаро дигарон мешинанд, сухбат меороянд. У мегуяд: ба хона мехмони мардина  ояд хам ман намешинам, одат накардаам. Намоз мехонаду сари чойнамоз ёдаш ба фарзандон аст. 

 Фарзандон ба хотир меоранд, ки модарам барои дидани мо бо падарам омада буд. Ман он вакт дар хизмати харби будам ва якчоя ба сохили бахр омадем. Он чо нафаронеро бо  либоси махсуси шиновари дида руяшро руст кард ва гуфт : гуру киёматаш сухт инхоро, чи кор мекунанд.

             У холо низ мегуяд, макони мо Точикистон бихишт аст. Одам ба кадри одам мерасад, аз холи якдигар хабар мегирад. Ин чо низ  хубихо дорад масалан оби гарм, барк доимист, хонахо гарм, лекин бо касе рози дил карда намешавад. Писарам бувачон мегуяду андак нишаста ба кор меравад. Забони русиро намедонам,  ки бо касе сухбат карда бошам. Худо медонад, ки келину наберахоям ба Гончи раванду он чо истикомат карда тавонанд. Ман бошам пир шудааму шояд бори охирин барои дидорбини  омада бошам. Акнун мегуям худатон маро дидани ба ватан оед.

Депутат шавам ё ошик….


Ман баъди шунидани баромади Чаноби Оли Эмомалии Рахмон дар Шурои Чамъияти ба интихоботи имсола эътимод ва умед бастам. Президенти кишвар дар бораи шаффофият ва адолатона гузаштани интихобот кафолат дод. Он эътимод бо маслихати хамкорон ва дустон ба хохиш, орзу ва часорат мубаддал гашт. Дар яке аз вохурихо бо намояндагон- занони ахзоби сиёсии вилоят бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд Матлуба Сатторова иштирокчиён пешниход карданд, ки «мо бояд занони вокеан арзандаро пешниход намоем, дар рафти интихобот онхоро дастгири намоем». Меъёри зани депутат хам  аз чониби иштирокчиён кайд гардид: яъне бояд профессионал дар сохаи худ бошад, хукукдон бошад, сиёсатшинос ва чахондида  бошад, мушкилоти  занонро донад ва манфиатхои онхоро хифз карда тавонад.   Ман пурсидам, хаёти оилавиаш бебарор бошад чи? Ба саволам  Улфатмо Ахмедова , депутати мачлиси вилояи чавоб дод , ки мухимаш профессионал бошад. Ман шердил шудам ва гуфтам пас ин меъёрхо ба ман мувофиканд ва ман метавонам, номзадиамро пешниход кунам.  Курбончон Мирзоева намояндаи хизби коммунисти вилоят гуфт, харчанд дар интихоботи солхои 1994  ва соли 2000 шумо Халифабобо Хомидовро дастгири кардед, лекин ман шуморо дастгири мекунам. Умаралиева раиси шурои занони бахши вилоятии хизби халки-демократи  гуфт ман аз номи хизб чунин кафолатро надорам, лекин  шахсан худам шуморо дастгири мекунам. Раиси вилоятии хизби сотсиал-демократ Дилбар Самадова ва узви хизби сотсиалисти МохинисоХорисова низ изхори дастгири намуданд. Ман ба хулоса омадам, ки пас кушиш карданам зарур  ва метавонам худро бисанчам. Ба дастгирии раиси бонувони вилоят Матлуба Сатторова ба дафтари  раиси вилояти Сугд  мухтарам Кохир Расулзода    барои вохури хохиш намудам. Мутаассифона раис серкор буданд ва маро муовини раиси вилоят Мавчуда Бобоева хуб пазируфтанд. Сухбати мо бобати фаъолияти ВАО-и вилоят, корхои илми ва чамъияти буд. Ман пешниход доштам, ки хуб мебуд агар раиси вилоят блоги худашонро медоштанд, чунончи имруз аксар сиёсатмадорон аз видеоблог истифода мекунанд. Доир ба интихобот бошад  ва иштироки ман бошад,  тахминан чунин хулоса баровардам, ки холо чавон хастам ва хама кор дар пеш, хуб мебуд барои вилоят имруз хизмати шоиста кунам.  Бо хамин ният ба кори харруза баргаштам. Лекин  дар сухбатхои хоса чунин андешахо пайгири мекард, ки хама худамонро кафо кашем, к и бо ин кор машгул мешавад. Аз чумла Махмудчон Дадобоев, ки сармухаррири рузномаи Сугд мебошад, чунин андеша дошт, ки «бале Шумо журналист ва хукукшинос  хастед, баъдан доктори илм , сохаи худатонро хуб медонед, мушкилоти занонро омухтаед, албатта арзанда хастед, шанси зиёд доред». {амчунин чандин нафарони дигар чунин андеша доштанд. Дар фикр мондам, хусусан ки ба  сайти www.prezident.tj низ мактуб навишта будам ва худро муаррифи карда будам, вале бечавоб. Як нафар хамкорам гуфт, ки : «дугона чи кор мекуни, сари худро ба бало гирифтор карда, холо ту чавон ончо асосан барои нафакабаромадан  депутат мешаванд, бин  депутатхои пешин ва онхоеро , ки  аз тарики руйхат пешниход шудаанд,  синнашон ба нафака наздик, кор карда акнун дамгири мераванд. Хуллас, фикрхои парешон то хануз азобам медод, ки чавобашро журналисти шинохта Рачаби Мирзо, ки  тачрибаи ширкат дар интихоботи гузашта дошт,  гуфт:

«чи кор мекуни, худатро азоб дода, норохату асаби карда , депутатиро чи кор мекуни, бехтараш ошик шав…»

Шеъри инкилоби ва рухи исёнгар

Дар шахри Хучанд театри мусики-мазхакавии Камоли Хучанди баъди гузашти айём боз серодам буд. Зиёиён, намояндагони илму адаб  ба тамошои намоиши сахнавии «Салом, эй буи Чуи Мулиёнам» омада буданд. Намоиши сахнави аз руи ашъори Шоираи халкии Точикистон Фарзона ба ифтихори 1150 солагии устод Рудаки руи сахна омадааст. Ин намоиши сахнави аз чониби М.Хочазод ва  Сайрам Исоева ба сахна гузошта шудааст.

            Аслан дар сахнаи театр чунин як навъи намоиши сахнави чизи чадид аст, харчанд нахустин нест. Театри «Ахорун»-и Фаррух Косимов  тахминан ба хамин намоиши сахнави монанд намоиши «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон»- ро пешниходи тамошобин карда буд. Лек он чизе, ки дар «Салом, эй буи чуи Мулиёнам» дидам, диккатчалбкунанда ва аз он ба кулли фарк дошт.  Он нигохи тоза ба шеъри Фарзона буд. Он бахои хонанда ба ашъори шоира буд. Намоиши сахнавии мазкур бароям олами инкилобии шоира Фарзонаро боз намуд. Он чиро, ки баъзан журналист гуфтан мехохаду часорат надорад, шеъри Фарзона бо оханги файласуфона ва бегаразона баён мекард. Аз ашъори Фарзона инкилоби беранги аклу идрок меояд ва уро ман ба устоди назми Шурави Абулкосим  Лохути ташбех медихам. Харчанд пеши назар як зани нозукандом ва хиромон меояд бо номи Фарзона, лек рухи исенгар ва часорат меояд аз шеъри Фарзона.

Образи муаллимаи кимиёи усмафуруш бо нидои зиндаги «…Ох зиндаги, зиндаги», катораи бешишаи мусофирбар, мухочирбар ба Русия,   кудаки навсухан бо телефони чайби образхои ичтимоианд, ки танхо инсони заки , баэхсос ва часур дар шахсияти шоира Фарзона мохирона ба риштаи назм даровардааст:

   Бечорае бо катораи кухнаи беоина

   Ба Русиё меравад. (Икрори дигарбора)

Ё ин ки

Мусафедеро аз фаромушхонахо

               Ба ёдатон орам.

Мусафеди хонаи пиронро,

Ки ба тилфони руи мизи долон

                 Дергах менигарад,

Ба касе мехохад занг занад,

Аммо ба ки? (охирин нусхаи мухаббат)

Ин мисраъхо ва мисраъхои дигарро шахси суханфахму сухансанч устоди донишгохи давлатии Хучанд дотсент Хочиев  руи сахна мехонд. Аз кувваи хофиза ва иродаи кавии ин чавонмард ман ба хайрат омада будам ва на танхо ман, балки ахли толор хам. Дарки шеъри Фарзона тавассути хунарварии олим сурат гирифт ва он нишонрас буд. Ман низ эхсос кардам, ки то чи андоза «дар зехни ман шаб » аст ва то чи андоза мо гирифтори зиндагии рузмарра гаштаем ва барои харфи мехр, барои изхори мухаббат «таъхир »  мекунем..

Чизи дигар дар ашъори шоира Фарзона ин ватандустию механпарастии уст, ки бенихоят бузург аст. Ин мехр ба ватан — баробари имон, баробари чони шоираст.  Харчанд худро як «шоираи музофоти» мегуяд мехраш баробари укёнус  бухудуд аст. Ишкаш бе хиёнат,  харчанд суол мекунад «Хиёнат зи вафо дар мартаба боло».

            Хамчунин дар ин намоишнома хунарварии Артисти хизматнишондодаи СССР Чурабек Муродов,  хунарварии нотакрори Даврон Алиматов , Мирсалим Ашуров, Мухиддин Гозиев ва Толиби Озарахш  ба матни шеъри Фарзона  мисли омезиши ширу шакар буд.

 Ман бо он хама чурмхои ичтимои, «бо беобиву бебаркиву бегази» , бо хама нуксонхои зиндаги аз шоира Фарзона  зиндаги дуст доштанро аз ин намоишнома омухтам. Фарзона аз нигохи кучаки ман як шоираи тавоно, як фарди нотакрор ва  дорандаи чузъхи «лиссон-ул-гайбест» , ки мо ифтихори бо у будан, уро шунидан ва уро дидану имконияти эхтирому эхтиёт карданро дорем.

Оё домод метавонад писар шавад?

Очаи Рахима баъди бемории тўлони аз дунё гузашт. Хешу табор ва хаќу хамсояхо дар рўзи чанозаи кампир оби чашм рехтаву духтаронаш «очаи аз бача ормон нашикаста» гўён, навха мекашиданд. Миёни занхо пурсише такрор ба такрор давр мегашт: бачааш ба азои модар расида омад?

Посухи хамсоязан пурсучўхоро бархам зад:

 — Ха, расида омад, вале рози охирини очаашро нашунид. Гўё модар рафтани писари нохалафашро интизор буд ва хамин ки ў ба сафар баромад, кампир рўи дасти духтараш Рахима чон дод. Субхи дигар писар ба манзил нарасида, бозгашт, вале аллакай часади модарро шуставу кафанпеч карда буданд. Хангоми бемори хамин духтари бева-Рахима ва набераи 14-сола кампирро нигохубин мекарданд. Кампир ки бистари буду дардманд, нозпарвариро талаб мекард. Хостахову гуфтахояшро болои дида карданду дуо гирифтанд. 

Аксарияти точикон аз рўи анъана тавлиди писарро орзу доранд. Зеро, аз рўи ќолабхои гендери дар айёми пиронсоли писар такягохи волидон   асту умеди падару модар ба ў. Писар вазифадор аст пояи тобути волидайнро бардорад ва онхоро ба хонаи охират гуселонад. Маъмулан духтарон ба ќабристон намераванд. Онхо дар хона азодори  мекунанд. Оё дар асл хамаи писарон парастори  падару модаранд? Агар дар мухочират бошанд-чи?

Имрўзхо миёни чомеа дар муносибатхои оилави таѓиротхои чидди  ба миён омадааст. Аз чумла анъанаи аврупоии хамзистии духтару домод бо волидайн бештар ба назар мерасад. Харчанд маќоли «келин чои духтарро намегирад» чой дораду он дар нисбати домод хам садо медихад. Волидайни танхо ва гохе дардманд ба нигохубин бештар ниёз доранд ва аксаран духтар парастори онхост. Писару келинхои ин замона дар алохидаги зистанро орзу мекунанд. Азбаски волидайн худ чавонанду фарзандонро барваќт хонадор мекунанд, хохиши алохида зистани навхонадоронро хангоми вучуд доштани имконияти модди ичро месозанд.  Сониян, бо гузашти айём арўси мустаќилона зиндаги карда бо хушдоман будан намехохад ва гўши шунавои маслихату насихатхои ўро надорад. Суханони хушдоман барои ў дахолат ба хаёти шахсиаш маънидод мешавад. Дар натича оила бархам мехўрад.

Чанчоли келину писарро дида гохи дигар волидайн худро нохинчор эхсос мекунанд. Чанд нафар хамсўхбати ман иќрор шуданд, ки барои бахти фарзандону вайрон нашудани оилаашон омода хастанд ба хонаи пиронсолон бираванд ва маргро интизор шаванд. Холаи Ханифа бошад мегўяд :

— Агар ман духтар медоштам, рўзгорам бехтар мешуд. Писар кай  аз холи очаи зор мепурсад.

Дар Хучанд домодро «почо» мегўянд. Этимологияи пайдоиши ин калимаро аз вожаи «подшох» маънидод мекунанд. Шояд аз ин сабаб маќоли «домоддори баробари подшохдорист»-ро борхо шунидаам. Лекин хамзистии духтару домод бо волидайн мушкилоти дигарро ба вучуд овардааст. Ин хам бошад даъвои молу мулк ва таќсими мерос  мебошад. Харчанд волидайнро дар айёми пиронсоли духтар нигохубин намояду  сипас гўру чўб, даъвохое садо медихад, ки «домод писар нест». Ќонун дар ин маврид манфиатхои духтарро хифз мекунад, вале гапи мардум чи?

Рахима хайрону нолон дар хона мотам дорад, вале медонад, ки мушкилоташ акнун дучанд мегардад. Бародараш барои араќнўши пул наёбад, дар фикри фурўши хона намеафтад? Муносибати бародару  писараш чи гуна сурат мегирифта бошад? Хол он ки ў шавхар надорад…

Панч ахтари тобони падар

Дар оилаи шодравон муаллима Назокат Кенчаева ва олими шарќшинос, ки тамоми хаёт ва фаъолияти хешро бахри пажухиши назми форсизабони Хинду Покистон, алахусус рўзгор ва осори Мухаммад Иќбол, Мирзо Асадуллохи Ѓолиб бахшида буд,  Абдуллочон Ѓаффоров  панч духтар ба воя расида буд: Мўътабар, Мунира, Назира, Умеда ва Замира. Шарќшиноси маъруф Абдуллочон Ѓаффоров хамеша ба хамсараш мегуфт: «Ман панч духтарамро ба 10 писар иваз намекунам. Зеро, хар яки онхо бароям як оламанд». Шояд муаллима Назокат Кенчаева чун анъана мехост,  яке аз фарзандонаш писар тавлид ёбад ва хатто духтари чорумиро Умеда ном гузоштаву умедвориашро зикр кардааст. Лекин шавхараш такрор ба такрор таъкид менамуд:   

Машав ѓамгин агар духтар бизоди,

Ки аз духтар бувад пайваста шоди,

Басо духтар чу сохибточ гардад,

Ба наздаш сад писар мўхточ гардад.

Падар на танхо бо сухан мегуфт, дар амал исбот мекард, ки духтаронаш боиси ифтихори ўянд. Профессор Умеда Ѓаффорова ба хотир меорад, ки «хамин ки  ба хона мехмонони ватаниву хоричи меомаданд, падарам моро ба  сўхбат даъват мекард ва мо шеър мехондему кўшиши бо забони хоричи гап заданро машќ мекардем ва аз сўхбатхои ишон бахравар мешудем. Баъзан модарам корхои хонаро худ ичро мекарданд, то ки мо ба хондан машѓул шавем. Падар хар кучое мерафтанд бароямон китобхои зиёд хадя моварданд ва аз кўдаки моро ба илмомўзи хидоят мекарданд,- ба хотир меорад профессор Замира Ѓаффорова.Сониян бароямон пандхои хаётиро омода карда буданд, ки то имрўз мадагори зиндагист.Чунончи ќиблагохамон падари бузургвор бахрамон навишта буданд :

— Вичдон пок бошад, тўхмат кор намекунад,

— ќарз намуди бади камбағалист,

-адолат аз тамоми накўкорихо боло аст,

— очизро тахќир ва мурдаро ғайбат макунед.

Дар натича махсули  тарбияи ин оилаи  зиё ба воя расидани панч духтари шўхратёр аст, ки номбардори падар ва  давомдихандаи кори ў хастанд. Профессор Умеда Ѓаффорова хатмкунандаи шўъбаи арабии ДДМТ буда, дар вазифаи проректор оид ба муносибатхои байналхалќии донишгохи давлатии Хучанд фаъолият дорад. Профессор Замира Ѓаффорова мудири кафедраи забон ва адабиёти факултаи шарќшиносии хамин донишгох мебошад ва  мутахассиси сохаи забони хиндист. Харду аълочии хониш буда, бо дипломи аъло донишгохро хатм карда буданд ва   дар сохаи илми адабиётшиноси олимони шинохта эътироф гаштаанд.  Баъди вафоти олими шарќшинос Абдуллочон Ѓаффоров  Умеда ва Замира Ѓаффоровахо кўшиш намуданд, ки кори падарро анчом диханд ва китоби нотамоми ўро  бо унвони «Девони Махфи»  тахия ва чоп намоянд.  Хамаи фарзандон бахшида ба чашнхои бузургдошти падар мехру вафо ва дастовезе таќдим мекунанд. Духтарон ба чашни 70 солагии падар филми хуччатии «Ватан ва фарзандон»-ро омода намуданд, ки дар хазинаи тиллоии телевизиони точик нихон аст. Ба ёди падар Умеда Ѓаффорова  писари худро Абдуллочон ном нихода орзу дорад, ки фарзандаш ворису номбардори асили бобояш бошад.

Назира Ѓаффорова дар сохаи илми хуќуќшиноси фаъолият бурда, номзади илми хуќуќ аст. Ў мудири кафедраи хуќуќи чиноии донишгохи давлатии Точикистон хуќуќ. сиёсат ва тичорат дар шахри Хучанд буд, сипас раиси кумитаи занон ва оилаи маќомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Суѓд  шуда кор кард. Фаъолияти илмиву чамъиятии ўро ба назар гирифта Назира Ѓаффорова  мохи декабри соли гузашта директори институти такмили ихтисоси хизматчиёни давлати таъин мешавад.

Мунира Ѓаффорова муаллимаи фанни забон ва адабиёти точик шуда дар мактаби шахри Хучанд фаъолият мебарад. Мунира  давомдихандаи кори модар аст. Назокат Кенчаева солхои зиёд муаллимаи синфхои ибтидои шуда дар мактаби миёнаи раќами 8 шахри Душанбе фаъолият бурдааст. Аз чумла муаллимаи нахустини Умеда ва Замира низ мебошад. Ў на танхо муаллима аз рўи ихтисос, хамчунин муаллимаи зиндаги барои духтаронаш будааст.

Духтари аз хама калони Мўътабар Ѓаффорова ихтисоси духтури касалихои асабро интихоб кардаву донишкадаи тибро бо дипломи аъло хатм карда,  солхои  тўлонист, ки дар дехаи Ќистакўзи нохияи Бобочон Ѓафуров фаъолият дорад.  Ў давомдихандаи кори тағояш олими шинохтаи сохаи тиб, профессор Абдулмачид Пўлодов шудааст.

Дар лахзахои вопасини зиндагии  падар ва модар духтари хурди Замира ва шавхари ў духтур Яхёчон, ки хонадомод буд, мададгор буданд ва дуо гирифтанд.

Панч ахтари тобони падар ќарзи фарзандии худро баробари чандин писар ичро карда имрўз номбардори падару модар хастанд. Масъулияту ќадрдонии фарзанд новобаста аз чинс хамин ќадар будагист…

Агар мард таваллуд мекард…

 

 Нигина Кодирова барои таваллуди фарзанди чахорум ба беморхона оварда шуд. Уро баландшавии фишори хун (экламсия) пеш аз мухлат ба таваллудхона овард, то ин ки зери назорати духтурон бошад. Нигина умедвор аст, ки ин дафъа писар таваллуд мекунад, зеро аллакай 3 духтар дорад. Агар у Писар таваллуд накунад ба гуфтаи шавхараш авлоди у идома намеёбад. Шавхараш ягона Писар аст, ва дигар зан гирифтани у эхтимолияти зиёд дорад. Харчанд духтурон дафъаи гузашта 2,5 сол пеш таваллудкуниро барои у манъ карда буданд, орзуи писардоршави уро боз ба таваллудхона овард. 

Нигина баринхо хеле зиёданд. Фируза бошад фарзанди аввалини худро интизор аст. Агар ба пойхои у нигари вохима фаро мегирад, онхо хамааш кабуду варам кардаанд. Фируза дар оилае зиндаги дорад, ки касби хонаводагиаш нонпази аст ва то лахзаи таваллуд мачбур аст, ки ба ин кор машгул шавад. Таваллудхона бо ин шароиташ нисбат ба хонаводаи у чои фарогат ва дамгирист .

Таваллудхона чоест, ки  тифл ба  олам чашм мекушояд ва аввалин маконест, ки бо он ошно мегардад. Пас таваллудхона чи гуна бояд бошад?

Таваллудхонаи нохияи Б.Гафуров дар беморхонаи марказии нохия  чойгир буда аз ду кабат иборат аст. Як сол мешавад, ки дорои тачхизоти чаррохи гардида бевосита духтурон бидуни шуъбаи чаррохи худ чаррохихои гинекологи-акушериро анчом медиханд. Барои мукоиса ба 45 чаррохии кесарево сечение соли гузашта имсол 60-то рост омад, яъне 15 амали чаррохи зиёд гашт. Хучраи эхе дорои 2 кати махсус буда хамшираи шафкат навбатдори доимист. Хучраи эхе хамчунин дорои крани об аст, ки барои чаррохшудагон имконияти хуб барои шустушу мебошад. Дигар хучрахо чунин имконият надоранд, крани об дар палата ин шароити махсуси имтиёздор хисоб меёбад. Беморон дар хучраи умуми шустушу мекунанд, чомашуи ва косаву табакшуи низ он чо сурат мегирад. Кабати дуюм дорои ду мабраз аст, ки якеи он барои чаррохшудагон хизмат мерасонад ва дар мабразхони дуюм барои тахорат чой мукаррар шудааст. Дар таваллудхона оби гарм нест ва хамаи беморон хисобашонро худ меёбанд. Харчанд чойи хурокхури алохида аст, лекин беморон бештар дар палатахои худ тановул мекунанд.

Хамчунин дар кабати дуюм ПИТ(палатаи кумаки терапии кудакона) барои тифлони навзод вучуд дорад. Аксаран баъди таваллуд тифлаконе, ки ба кумак ва табобат эхтиёч доранд ба ин чо оварда мешаванд ва духтур-неонтолог ва хамшираи шафкат дар хизмати модару кудак карор доранд.

Агар сухан аз боби касбияти духтурон равад, мутахассисони бехтарин дар ин таваллудхона фаъолият доранд.Мудири таваллудхона Махсуда Косимовна тачрибаи бой ва дониши хуб дорад. Хамчунин мудири ПИТ духтур-неонтолог  Муътабар Собировна дилсузу шахси пурмасъул буда барои харяк тифли навзод чонкани мекунад. Сониян хамширахои шафкат Нилуфару Хакима Сабохату Мавлуда ва дигарон касби худро дуст медоранду мехрубон хастанд. Нисбат ба дигар таваллудхонахо  ягон нафар аз кормандони ин таваллудхона тамаъ ва гарази пулгири изхор накарданд. Яъне хайати кори дар хамон шароите ки доранд, нони худро халол карда фаъолият мебаранд.

Лекин максад аз ин навиштахо баходихи ба фаъолияти духтурону кормандон набуда, балки тахлили шароити таваллудхонаи замони муосир мебошад. Зан ки хомиладор шуд оё аз хаёти чамъияти берун ё бемор аст?.

Муносибати чомеа ба зани хомила ачиб аст ва умуман барои у ягон шароити мувофики чамъияти андешида намешавад. Чунончи дар таваллудхона телевизор, радио умуман нест ва хатто дар замони шурави хам набуда, гуё барои зани хомила бохабар будан аз хаёти чомеа зарурат надорад. Вазифаи чамъиятии зан таваллуд ва тарбияи кудак аст ва ин эхсосот хусусан дар таваллудхона пурра занро ихота месозад. Бино бар ин занро баъди таваллуди фарзанд депрессия пайгири мекунад. Зан ба гайр аз тифл ва корхои хонаводаги дигар шугле надорад ва барои атрофиён субъекти дуюмдарача мегардад. Бисёр вакт барои шавхар низ бетафовут мешавад. Ахен-ахен шавхархое ёфт мешаванд, ки барои нигохубини тифли навзод дар шабхои бехоби занро кумак мекунанд. 

Хобкатхои таваллудхонахо пружини ва аз замони шурави мерос мондааст. Шаб хобкуни субх базур аз чой мехези. Дар  гармии тобистон яхдон хам нест.

Дар мукоиса бо шароити дигар шуъбахо, ки беморонаш аз намояндаи харду чинс аст, таваллудхона ягона чоест, ки танхо  занхоро хизмат мерасонад. Бино барин шароити он то хануз дигаргун нашудааст. Агар мардхо таваллуд кунанд, шояд шароити таваллудхона низ бехтар мегардад.