Агар бахор биёяд…

Агар бахор биёяд...

Агар бахор биёяд таронахо хоҳам хонд,

Tаронаҳои хуршед ошиќона хоҳам хонд.

Аввали рўзи баҳор ҳам фаро расид. Аз он бўи зиндагӣ , айёми шодӣ мерасад. Баҳорро дўст дорам ва ба андешаам нафаре нест, ки ба он дилбастагӣ надошта бошад. Аслан ҳама фаслҳои сол хубиҳои худро доранд, лек маҳз баҳор умед ба оянда медиҳад.  Субҳи баҳор ханда зад, рўи ту омадам ба ёд, мўъҷизаи хаёли ту баҳри дили маро кушод, дар гўшам такроран садо медиҳад. Маро ба сўи ҷавонӣ мебарад. Ҷавонии на чандон дур, гуё дирўзакак буд, мактабхон, сониян донишҷў будем. Афсўс,  ки дар ҷавони ишќ буду давлати дунё набуд, он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будаастро ба маънии томаш эҳсос намекардем.

Ин баҳор низ Ќасри Ҷавонон иди баҳорро бо суруду мусиќӣ пешвоз гирифт.Суруд аз боби баҳор, ишќу муҳаббат, бўсаву висол ва накҳати гулу булбул буд. Оѓози консерт аз сурудаҳои Малохат Абдушукурова ва интиҳо аз Исроил Фазлиддинов буд. Дар ин ҷода Ўктам Муъминов, ки тамошобин гум карда буд, рўи саҳна омад ва гуё аз баҳор тавлид ёфт. Носир Рахимов, Тулќин Тоҷибоев, Муҳиддин Ѓозиев, Каромат Ҳоҷиева ҳама мухлисони худро доштанд.Чанд нуктаҳое ҳастанд, ки мехостам дар ҳошияи консерт зикр намоям.

Аввалан : Ман аз ҷасорати зани солхўрдае илҳом гирифтам. Меандешидам, ки ман ҷасур ва аз муҳит вобастагӣ надорам. Ҷасорати ин занро дида андешидам на, чандон ҷасур нестам, зеро монанди ў ба саҳна баромада  гул таќдим намудаву раќсида наметавонам. Ҳарчанд раќсро дўст медорам. Офарин эй зани зиндадил, эй зани ҷасур, ки рўҳу калбат якест, Зиҳӣ,  ки мунофиќи надорӣ ва вуҷудат ба мисли баҳор зебост. Шояд дарде доре, лек раќси мавзунат он ҳамаро пинҳон сохтааст.

Сониян: хиҷил будам,  ки ба ҳофизон гули сохта таќдим мешуд. Хиҷил будам, ки маданияти гулсупорӣ иҷро намегашт. Яъне шахсе, ки ба саҳна мебаромад бо телпаку нимтанаи зимистона ё палто мебаромад. Намешуд, ки ҳамон либоси болоии худро кашад.  Чизи дигар гул таќдим куни аз рўи принсипи ёру ошно сурат мегирифт на мухлисиву хунарманди.

Ва охирон афсус, ки ба гайр аз Исроил  Фазлиддинов дигар ҳама ҳофизон бо фонограмма месароиданд. Дар ин радиф гули сохта воќеан подоши онҳо буд.