Дар вилояти Суғд худкушӣ ва ҷинояткорӣ байни занону духтарон коҳиш ёфтааст.


Ба худкушӣ ва сўиқасд ба он даст задани занон ва ҷавондухтарон яке аз масоили доғи рўз ба ҳисоб меравад ва шӯъбаи кор бо занон ва оила дар ин  самт корҳои худро ҷоннок намудааст. Давоми  шаш моҳи соли 2011 шумораи умумии ба ин ҳодиса дастзадагон 121 нафарро ташкил дода, ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 ҳодиса кам шудааст. Аз ҷумла, байни занону духтарон 66 нафар занон ба ин ҳодиса даст зада, аз ин ҳисоб 16 нафарашонро духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд. Аз 121 ҳодисаи ба қайд гирифта шуда, 31 ҳодиса сўиқасд ба худкушӣ ва сабабҳои худкушӣ – бо касалии руҳӣ – 16; шароити вазнини зиндагӣ – 11;  муноқишаҳои оилавӣ – 22; дигар намудҳо – 32; бо сабабҳои номаълум – 22 ҳодисаро ташкил медиҳад.

Ходисаи худкушӣ байни занон дар шаҳру ноҳияҳои  Хуҷанд – 5 ҳодиса, Исфара – 7 ҳодиса, Истаравшан – 6 ҳодиса, Ашт – 5 ҳодиса, Чкалов – 2 ҳодиса, Кайроққум – 1 ҳодиса, Спитамен – 1 ҳодиса, Гончӣ – 1 ҳодиса, Шаҳристон – 1 ҳодиса поён рафтааст.

      Тибқи маълумоти омории Раёсати корҳои дохилии вилоят шумораи даст ба ҷиноят задани занону духтарон низ 52 ҷиноят кам шудааст.

(дар шашмоҳи соли 2011 – 145 ҷиноят ва дар шашмоҳи соли 2010 – 197 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст). Намудҳои ҷиноятҳои содиршуда; – куштор -1 адад, авбошӣ – 16 адад, даллагӣ – 10 адад, расонидани зарари ҷисмонӣ – 8 адад, дуздӣ – 29 адад, қаллобӣ – 19 адад, дигар намудҳо – 62 ададро ташкил медиҳад. Чиноятҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд (14 ҷиноят), Чкалов (18 ҷиноят), Исфара (8 ҷиноят), Зафаробод (4 ҷиноят), Конибодом (3 ҷиноят), Шаҳристон (2 ҷиноят), Кайроққум (2 ҷиноят), Ч.Расулов (6 ҷиноят) кам ба қайд гирифта шуда, баръакс дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан (6 ҷиноят), Б.Гафуров (2 ҷиноят), Ашт (3 ҷиноят), Мастчоҳ (2 ҷиноят), Спитамен (2 ҷиноят), Гончӣ (1 ҷиноят) зиёд шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Табошар (2 ҷиноят) ва Айнӣ (2 ҷиноят) дар як сатҳ аст.

     Ҷиноятҳои вобаста ба ахлоқ низ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 18 адад кам гашта, дар шаш моҳи соли 2010 – 128 ҷиноят ва шаш моҳи соли 2011 – 110 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст;

        Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД дар масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон  корҳои зиёдро анҷом медиҳад ва самти асосии фаъолият меҳисобад. Аллакай тӯли 2 сол аст, дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят марказҳои машваратию иттилоотӣ фаъолият дорад.

Дар ин муддат аз ҷониби кормандони ин Марказҳо — 3143 муроҷиати шаҳрвандон  баррасӣ шудааст, ки аз ин теъдод 2353 нафарро занон ва 737 нафарро мардон ташкил дода, муроҷиатҳо оид ба муаммоҳои марбут ба Кодекси замин 495 аз он 331 адад муроҷиат ба таври мусбӣ, Кодекси оила 958 адад, аз он 579 адад ба таври мусбӣ, масъалаҳои марбут ба расонидани хизмати аввалиндараҷа, гирифтани зоднома ва шиноснома 591 адад, аз он 438 адад ба таври мусбӣ, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ 310 адад, аз он 154 ба таври мусбӣ, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии оилаҳои муҳоҷирон 248 адад, аз он ба тари мусбӣ 105 адад, масъалҳои ҳифзи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд 115 адад, аз он ба таври мусбӣ 91 адад  ва дигар муаммоҳо 529 адад, аз он 338 адад ба таври мусбӣ ҳалу фасл карда шуданд.

      Дар назди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят низ 10 июли соли ҷорӣ Маркази иттилоотию машваратӣ таъсис дода шуд, ки дар он ҳуқуқшиносон ҳафтае ду маротиба ба муроҷиаткунандагон тариқи ройгон маслиҳат дода, муаммояшонро баррасӣ менамоянд. Инчунин дар доираи тарғибу ташвиқи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шӯъба тасмим гирифтааст, моҳе як маротиба дар шаҳру навоҳии вилоят оид ба расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, қабули сайёрро бо иштироки намояндагони мақомотҳои дахлдор ба роҳ монад

      Ҳамчунин  ҷиҳати тарғиби анъанаҳои миллӣ, тарғиби сарулибос аз матои табиӣ бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ дар байни аҳолӣ, хоса ҷавонон, эҳёи ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ, ташвиқу тақвияти фарҳанг озмуни анъанавии вилоятии «Атласи тоҷик — 2011» бо шукӯҳу шаҳомати баланд баргузор гардид.

      Дар баробари комёбӣ дар назди бахшҳои кор бо занон ва оилаи МИҲД муаммоҳо вуҷуд дорад.  

Ба бахши занон талабот зиёд аст, лекин муҳайё сохтани шароити корӣ бисёр сатҳи паст дорад. Масалан,  мудири бахши занони шаҳри Чкалов 6 сол ин ҷониб дар як утоқӣ корӣ 3 нафар (шӯъбаи танзим ва фарҳанг) якҷоя менишинанд. Магар зани корафтода метавонад дар чунин вазъият бемалол рози дилашро гуфта бошад.

     Ҳамчунин ногуфта намонад, ки баъди Паёми Президент таваҷҷӯҳ ба фаъолияти бахшҳои кор бо занон ва оила ҷиддитар гаштааст ва штати кории онҳо аз ҷумла афзудааст. Лекин, мутаассифона, дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ба монанди Хуҷанд, Чкалов, Ҷ.Расулов, Истаравшан, Қайроққум, Спитамен то ҳол ин штати корӣ ҷудо нагардидааст.

     Барои иҷрои Нақшаи амали Барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои зерин: ба монанди Ч.Расулов, Айнӣ, Шаҳристон, Мастчоҳ ва К.Мастчоҳ маблағҳои пешбинишуда то ҳол ҷудо карда нашудааст. Дар бархе аз онҳо қисман ҷудо гардида, он ҳам бошад ғайри мақсаднок – барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ истифода бурда шудааст.

 Дар назди маркази машваратию иттилоотӣ телефони боварӣ (6-78-36) амал мекунад, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути он ба мо занг зананд ва маслиҳати ҳуқуқӣ гиранд.

 

 

 

 

 

Оставьте комментарий